Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ низоми маориф ва тандурустии пойтахтро зери танқид қарор дод

Январь 16, 2019 18:25

ДУШАНБЕ, 16.01.2019. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, дирӯз таҳти раёсати Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ҷаласаи васеи фаъолони пойтахт баргузор шуд, ки дар он натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр дар соли 2018 ҷамъбаст ва вазифаҳо барои соли 2019 муайян гардиданд.

Рустами Эмомалӣ зимни суханронии худ ба камбудиҳои низоми маориф ва тандурустии шаҳр ишора кард.

Раиси шаҳр ба масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва сохторҳои дахлдори пойтахт дастур дод, ки ҷиҳати бартараф намудани мушкилоти соҳа, аз қабили пешгирии ҷинояткорӣ миёни хонандагони муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сатҳи касбияти омӯзгорон, роҳ надодан ба қабули  одамони ғайриихтисос дар соҳаи маориф, пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ, баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия ва назорати ба таҳсилот ҷалб гардидани хонандагони ҳудуди шаҳри Душанбе дар муассисаҳои таълимии пойтахт тадбирҳои амалӣ андешанд.

Рустами Эмомалӣ ҳамчунин камбудиҳои соҳаи тандурустии шаҳр, таъмини хизматрасониҳои босифати соҳа, такмили сатҳи касбияти кормандони соҳаи тандурустӣ, назорати ҳолати санитарӣ дар муассисаҳои иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ, тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолиро зикр намуда, ба масъулини дахлдор ҷиҳати саривақт бартараф намудани норасоиҳо супоришҳои мушаххас дод.

Январь 16, 2019 18:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси шаҳри Душанбе меҳмонхонаи «Аммар»-ро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Дар шаҳри Душанбе Ниммарафони XVI байналмилалӣ баргузор мегардад
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд