«САДА ОИНИ ХАЛҚИ ТОҶДОР АСТ!» Содиқи Кашрӯдӣ дар бораи ин ҷашни миллӣ манзумаи нав эҷод кардааст
ДУШАНБЕ, 28.01.2019./АМИТ «Ховар»/. Содиқ Шоназаров аслан ҳуқуқшинос буда, ба ҳайси мушовири Бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ва Намояндаи ваколатдори Сарвари давлат дар Суди Конститутсионии мамлакат ифои вазифа мекунад. Ва ба шеъру шоирӣ на танҳо мароқи беандоза дорад, балки худ бо тахаллуси Содиқи Кашрӯдӣ шеър менависад ва китоби ашъораш бо номи «Нидои қарнҳо» чоп шудааст.
Бино ба зикри адабиётшиносон, Содиқи Кашрӯдӣ дар пайравӣ ба ашъори шоирони классики тоҷику форс ғазалҳои равону дилкаш гуфта, дар ин ҷода ба пешравиҳо муваффақ гардидааст. Ў пайваста талош меварзад, ки аз гулистони маънавиёти оламгири гузаштаамон гулҳои маънии тару тоза ва хушбӯ чида, манзури хонандагони каломи бадеъ гардонад.
Устод Мирзо Турсунзода гуфта буданд: «Халқи тоҷик табиатан шоир аст». Ин гуфтаҳоро Содиқи Кашрӯдӣ ҳам дар суҳбат бо АМИТ «Ховар» тасдиқ намуд ва чунин гуфт: «Касбу ихтисоси ман ҳуқуқшинос аст, вале рӯзе бе шеър зиста наметавонам. Аввал ин ки устод Турсунзода дуруст гуфтаанд, ҳар як тоҷик, новобаста ба касбу кораш, табиатан шоир аст, дигар ин ки назм ва низом аз як решаанд, адабиёт – ин ахлоқ аст, ахлоқ ва ҳуқуқ бошанд, бе ҳамдигар вуҷуд дошта наметавонанд…».
Дар бораи асари нави худ «Сада» Содиқи Кашрӯдӣ чунин ибрози назар намуд:
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурнии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари самтҳои гуногуни рӯзгори мардум, ҷиҳати зиндаву ҷовид кардани кешу оин ва ёдгориҳои аз ёд рафтаи мардуми тоҷик, рў овардан ба аслу насли худ, ба кону гавҳари худ корҳои беандоза бисёр карданд ва, ба бахти мардуми тоҷик ва шодии рўҳу равони гузаштагони мо, ин корҳо беш аз пеш дар тобишу такон ва рангу рўи тоза ҷилвагар мегарданд.
Сада пеш аз ҳама ҷашн аст. Ҷашни пайдоиши оташ аст. Ҷашни гармиву равшанӣ аст. Ва агар тобноктар иброз кунем, ҷашни набарду пирўзии гармиву рўшанӣ ба сардиву торикӣ аст. Ҷашни мардуми оритабор аст. Ҷашни мардуми тоҷику форс аст. Моли мардуми мост. Накў ҳам ҳаст ва накў боядаш дошт.
Сада фарҳанг аст. Сада ҳастиву гардиш аст. Намоди некӣ аст. Ҷашн гирифтани Сада ин гиромидошти оташ аст, бинобар маҳанду даркор буданаш ба рузгори мо, ба рузгори мардуми ҷаҳон. Ҷаҳониён бояд аз мардуми мо сипосгузор бошанд, чун мо аз ҳасткунандагони бархат, ба вежа русҳо сипосгузорем, ки зиндагии моро ба бархат-ба ин варҷо пайваст.
Дар баробари ин, дар дарозои таърих хоинони миллат дар ҳамбастагӣ бо душманони миллати тоҷик барои нест кардани ҷашни Сада кӯшишҳои аҳраманӣ кардаанд. Нишону дастхатҳо, нигоришҳои кошӣ ва оташкадаҳоро шикастанд, оташи Зардуштро дар оташкадаҳо ва аз ҳама бадтар дар дилу дидаҳои мардуми оритабор, ба вежа тоҷикони тоҷдор хомўш карданд.
Вале он душманону ин хоинон дониста бошанд, ки дар ҳар давру замон чун Пешдодиёну Сосониён, чун Сомонийону Ғуриён ва дигар намояндагони ин нажод дар майдони набард ҷавлон мезананд. Алорағми гуфтору рафтори ноҷавонмардонаи онҳо барои зиндаву ҷовид кардани дастовардҳои мардуми худ гомҳои устувору густурда мегузоранд.
Тайи чанд соли ахир бо кӯшишу талошҳои беандоза ва пайвастаи Пешвои муаззами миллатамон Эмомалӣ Раҳмон дастовардҳои миллии мо, чун Наврўз, Меҳргон ва Садаро, ки бегонагони бефарҳанг ва хоинони миллати мо нест карда буданд , боз рўи кор омаданд ва имрўз мардуми тоҷик ин идҳои бостонии худро озодона ва ба шодиву хуррамӣ ҷашн мегирад.
Зи ту зинда шуд, Меҳргону Сада,
Ҷаҳони шуд Наврўзи оташкада.
Дар мавриди Сада Пешвои гиромии миллат дар Китоби худ “Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ” чунин навиштаанд:
“Дар миёни неруҳои сершумори бадӣ, дар дашту ҷангалҳои Осиёи марказӣ, ки инсонро дар азобу таҳлука меандохт, бахусус сардиву торикӣ хеле зийоновар буданд, ки бар зидди онҳо озар ё оташ хеле муассир буданд. Бар зидди торикӣ бошад Хуршед чун унсури тавоно муқаддас дониста мешуд. Нисбати ҳамин аст, ки Хуршед дар мийони нажоди мардуми бостон ситоиш ва парастиш шудааст.”.
Дар гузашта ва имрўз низ душманони тоҷик ва хоинони миллат пешниҳод мекунанд, ки мо аз гиромидошти оташ даст бардорем. Мо Орийоиён, меҳр ба Офаридгор ва нерўи офарандагии ӯро дар нури Хуршед ва оташ мебинем. Гармии Хуршед ва оташ моро тавон мебахшад, ба мо дар зиндагӣ кумак мекунад, бе Офтобу оташ зиндагӣ нест ва буда наметавонад. Мо бояд ин партави Аҳуроиро ҷовиду побарҷо нигоҳ дорем!
Оташ яке аз чор унсури ҳастии ҷаҳон аст. Ононе, ки як соат зиндагии худро бе Офтобу оташ тасаввур кардан наметавонанд, бехирадона ба он носипосӣ мекунанд. Ман дар ёд дорам, агар ҷое буд, ки гӯгирд набуд ё кам буд, кӯшиш мекардем, ки оташи танӯр ё равшании чароғ хомӯш нашавад. Шояд дар замони пеш низ барои нигоҳ доштани он гузаштагони мо чунин талошҳо мекарданд ва онро то замони пурбор нигоҳ доштанд.
Сада таърихи куҳан дорад. Пайдоиши онро ба Шоҳ Ҳушанг рабт медиҳанд. Дар эҷоди суханвари бузург Фирдавсии Тўсӣ, Унсурӣ, Манучеҳрии Дамғонӣ ва дигарон дар бораи Сада суханҳо гуфта шудааст. Дар Шоҳномаи Фирдавсӣ чунин омадааст:
Баромад ба санги гарон санги хурд.
Ки ҳар ду санг шуд пора аз дасти гурд.
Нашуд мор кушта, валекин зи роз,
Падид омад оташ аз он санг боз.
Бигуфто фурўғест, ин эзадӣ,
Парастид бойад агар бихрадӣ.
Гуфтаҳои Манучеҳри Дамғонӣ низ барои ошкор кардани вақти пайдоиш, моҳияти он ва ҷашнгирии Сада хеле ҷолибанд. Зеро бо сабаби аз дасти аҳраманпешагон нест шудани дастовардҳои мардуми тоҷик имрӯз мо кам андар кам дар бораи гузаштаи худ огоҳӣ дорем.
Манучеҳри Дамғонӣ гуфтааст:
Бо лашкари зимистон Наврӯзи номдор.
Кардаст ройи тохтану қасди корзор.
В-инак биёмадаст ба панҷоҳ рӯз,
Ҷашни Сада, талойаи Наврўзи навбаҳор.
Ин ҷашни фарруху хуҷаставу некро,
Бар мо бифиристод он Худои комгор.
Ҳамчунин Унсурӣ чунин гуфта:
Сада ҷашни мулуки номдор аст.
Зи Ҷамшеду Фаридун ёдгор аст.
Вобаста ба ҷашни Сада ва паҳлуҳои гуногуни он банда низ ба тозагӣ манзумае эҷод кардам, ки онро пешкаши хонандагон муҳтарам АМИТ “Ховар” менамоям.
Сада
Сада оини халқи тоҷдор аст.
Зи насли орӣ бар мо ёдгор аст.
Варо пайдо зи Ҳушангшоҳ бо санг,
Ки даст бурдан ба кушти аждаҳор аст.
Ҳазорон солҳо пайдоиши он,
Ба панҷоҳ рӯзу шаб пеш аз баҳор аст.
Ки ҳарчанд аҷнабӣ кардаш мансух,
Вале бо амри Пешво рӯи кор аст.
Агарчи хоинон з-онанд дар ранҷ,
Аз он моро хушӣ дар рўзгор аст.
Агар оташ набошад, нест гетӣ,
Ки оташ варҷаи Парвардигор аст.
Ба оташ ҳар ки дорад носипосӣ,
Варо хӯрок ганду заҳри мор аст.
Ки зеро нону ошу гармии мо,
Зи нерую наванди нуру нор аст.
Сада чун Меҳргону рӯзи Наврӯз,
Ба мову ҳастии мо ёду ёр аст.
Намирад оташи Ҳушанг ҳаргиз,
Аз он гетӣ саросар нурбор аст.
Баланд афрӯхт Зардушт оташи ӯ,
Паямбар асту ӯ, оритабор аст.
Ва ҳам гарм аст тан аз оташи Суғд,
Ки руву чашми суғдӣ меҳрбор аст.
На оризод аз гармии оташ,
Ҳама фарзанди Одам комгор аст.
Ҳар он кӯ кард дар дил меҳри оташ,
Ба Эзад наздик асту бахтёр аст.
Ки то тоҷик бошад дар ҷаҳон шод,
Сада чун чархи гардон пойдор аст.
Пайи ҳифзаш ҳама хурду бузургаш,
Чу Содиқ, Рустаму Исфандиёр аст.