ВАРЗИШ – МУАРРИФИ МИЛЛАТ. Ба 42 нафар варзишгарони Тоҷикистон унвонҳо тақдим гардиданд
ДУШАНБЕ, 14.01.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон 42 нафар мураббиён ва варзишгароне, ки меъёрҳои «Номзад ба устоди варзиш», «Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ», «Мураббии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро иҷро намудаанд, бо шаҳодатномаҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд. Дар ин бора корманди Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ САФАРАЛӢ ба мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони ҚУРБОН хабар дод.
Зикр шуд, ки шаҳодатномаҳо зимни ҷамъомад аз ҷониби муовини аввали раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Ризо Назарзода ва сардори Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиши Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Носир Бозоров тақдим гардиданд.
Ризо Назарзода аз номи роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон иштирокчиёнро барои сазовор шудан бо унвонҳои навбатӣ таҳният гуфта, аз дастгириҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ, хусусан ғамхориҳои Пешвои миллат, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба варзишу варзишгарон ёдовар шуд. Мавсуф иброз дошт, ки «хушбахтона, соли 2018 сафи гирандагони Ҷоизаи Президенти Тоҷикистон аз миёни ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ 3 маротиба бештар шуда, ба 76 нафар расид.
Имрӯз барои тамрини варзишгарон тамоми шароит муҳайё гардида, хусусан ду соли охир бо супоришу ҳидоятҳои Пешвои миллат ва дар доираи ташаббусҳои созандаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пойтахт қариб 200 иншооти варзишӣ бунёд гардиданд. Ҳамзамон то 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода додани садҳо иншооти дигари варзишӣ дар назар аст. Варзишгаронро мебояд, ки бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба тамрин машғул шуда, барои муаррифии шоистаи Ватани маҳбубамон дар арсаи ҷаҳонӣ талош кунанд».
Ҳамин тариқ, 4 нафар бо унвони «Номзад ба устоди варзиш», 35 нафар бо унвони «Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон», як нафар бо унвони «Устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ» ва 2 нафар бо унвони «Мураббии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонида шуданд.
Сипас, иштирокчиёни ҷамъомад осорхонаи «Шарафи олимпӣ»-ро тамошо карда, бо дастовардҳои варзишгарони тоҷик дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон шинос шуданд.









Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд






