Варзишгарони тоҷик дар Қазоқистон сазовори ду медал гардиданд
ДУШАНБЕ, 28.01.2019 /АМИТ «Ховар»/. Варзишгарони шинохтаи тоҷик Одилшоҳ Исматов ва Кристина Пронженко аз намуди варзиши сабук дар 5-умин Мусобиқаи байналмилалӣ барои дарёфти ҷоизаи қаҳрамони олимпӣ Олга Рипакова, ки дар Уст-Каменогорски Ҷумҳурии Қазоқистон доир гардид, иштирок намуда, сазовори ду медал гардиданд.
Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон аз Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон хабар доданд.
Зикр шуд, ки дар қувваозмоии дав ба масофаи 800 метр миёни мардон Одилшоҳ Исматов бо натиҷаи 1:53.39 сазовори медали нуқра шуд. Ӯ аз ҳарифи ӯзбекистониаш Хуршед Аҳмадалиев 19 сония қафо монд. Дар дав ба масофаи 400 метр миёни бонувон Кристина Пронженко бо натиҷаи 55.72 соҳиби медали биринҷӣ гардид. Ҳар ду варзишгар рекорди нави Ҷумҳурии Тоҷикистонро гузоштанд (дар дохили толор).
Варзишгарони дигари мо Илдар Аҳмадиев дар қувваозмоии дав ба масофаи 60 метр миёни мардон ҷои ҳафтум (бо натиҷаи 01.03.00), дар ҷаҳиш ба дарозӣ ҷои панҷум (6.89), Меҳрубон Шамсиддинов дар масофаи 3000 метр ҷои ҳафтум (16.11.95)-ро ишғол намуданд.
Дар мусобиқа, ки аз рӯи 10 қувваозмоӣ – ҷаҳиши секарата, ҷаҳиш ба баландӣ, ҷаҳиш ба дарозӣ, дав ба масофаҳои 60м, 400м, 800м, 3000м ва 60м бо монеа, ҷаҳиш бо найзачӯб ва эстафета 4х200м баргузор шуд, беш аз 300 нафар варзишгар аз ҷумҳуриҳои Арманистон, Беларус, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркия, Ӯзбекистон ва Украина ширкат намуданд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд






