Варзишгарони тоҷик дар Қазоқистон сазовори ду медал гардиданд

Январь 28, 2019 09:30

ДУШАНБЕ, 28.01.2019 /АМИТ «Ховар»/. Варзишгарони шинохтаи  тоҷик Одилшоҳ Исматов  ва Кристина Пронженко аз намуди  варзиши сабук    дар 5-умин Мусобиқаи байналмилалӣ барои дарёфти ҷоизаи қаҳрамони олимпӣ Олга Рипакова, ки дар Уст-Каменогорски  Ҷумҳурии Қазоқистон доир гардид, иштирок намуда, сазовори ду медал гардиданд.

Дар ин бора ба мухбири   АМИТ «Ховар»  Меҳрони Қурбон аз    Федератсияи  варзиши сабуки  Тоҷикистон  хабар доданд.

Зикр шуд, ки дар қувваозмоии дав ба масофаи 800 метр миёни мардон Одилшоҳ Исматов бо натиҷаи 1:53.39 сазовори медали нуқра шуд. Ӯ аз ҳарифи ӯзбекистониаш Хуршед Аҳмадалиев 19 сония қафо монд. Дар дав ба масофаи 400 метр миёни бонувон Кристина Пронженко бо натиҷаи 55.72 соҳиби медали биринҷӣ гардид. Ҳар ду варзишгар рекорди нави Ҷумҳурии Тоҷикистонро гузоштанд (дар дохили толор).

Варзишгарони дигари мо Илдар Аҳмадиев дар қувваозмоии дав ба масофаи 60 метр миёни мардон ҷои ҳафтум (бо натиҷаи 01.03.00), дар ҷаҳиш ба дарозӣ ҷои панҷум (6.89), Меҳрубон Шамсиддинов дар масофаи 3000 метр ҷои ҳафтум (16.11.95)-ро ишғол намуданд.

Дар мусобиқа, ки аз рӯи 10 қувваозмоӣ – ҷаҳиши секарата, ҷаҳиш ба баландӣ, ҷаҳиш ба дарозӣ, дав ба масофаҳои 60м, 400м, 800м, 3000м ва 60м бо монеа, ҷаҳиш бо найзачӯб ва эстафета 4х200м баргузор шуд, беш аз 300 нафар варзишгар аз ҷумҳуриҳои Арманистон, Беларус, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркия, Ӯзбекистон ва Украина ширкат намуданд.

Январь 28, 2019 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол Фестивали бошукуҳи футбол баргузор гардид
Дар Душанбе Варзишгоҳи миллӣ ба истифода дода мешавад
Эмомалӣ Раҳмон: «Футбол имрӯз на танҳо як намуди варзиш, балки омили муҳими таҳкими дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагии халқҳо гардидааст»
25 МАЙ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛ. Дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ Фестивали футбол доир мегардад
Дар Душанбе Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бошукуҳ таҷлил карда шуд
Дар Хатлон Рӯзи ҷаҳонии футболро таҷлил намуданд
РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛ – 25 МАЙ: Дипломатияи варзишии Рустами Эмомалӣ дар сатҳи ҳуқуқи байналмилалӣ
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстонаи моҳи июн эълон гардид
РӮЗИ ҶАВОНОН. Дар Москва бо варзишгарони тоҷик, аз ҷумла варзишгарони параолимпӣ вохӯрӣ баргузор гардид
Мадина Қурбонзода: «Бо роҳнамоиҳои Пешвои миллат тавонистам дар мусобиқоти сатҳи баланд Парчами давлатиро парафшон созам»
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол дар Кӯлоб барномаи бошукуҳи варзишию фарҳангӣ доир шуд
Ҷавонони шаҳри Хуҷанд дар мусобиқаҳои сатҳи гуногун беш аз 2600 медал ба даст оварданд