ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН: дар шаҳри Хоруғ Театри миллӣ ба истифода дода мешавад

Февраль 25, 2019 09:30

ДУШАНБЕ, 25.02.2019 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба таҷлили сазовори ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон-шаҳри Хоруғ 94 иншооти таъйиноти мухталиф бунёд ва мавриди истифода қарор дода мешаванд. Дар онҳо садҳо нафар бошандагони шаҳр бо ҷойи кор таъмин  мегарданд.

Дар шаҳри Хоруғ баҳри сари вақт иҷро намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат ҷиҳати дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ин ҷашни миллӣ роҳбарии гурӯҳи кориро Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода ба уҳда дошта, ҷараёни корҳои сохтмонӣ ва созандагӣ дар шаҳр зери назорати доимӣ қарор дорад.

Имрӯзҳо новобаста аз  сардиҳои фасли зимистон  корҳои созандагию бунёдкорӣ дар  иншооти ҷашнии шаҳри Хоруғ, аз ҷумла дар бинои Театри миллӣ  идома доранд. Тибқи лоиҳа, бинои театр аз се ошёна, толорҳои калону хурд, утоқҳои машқу тамрин ва шароити зарурӣ иборат мебошад. Толори асосии он барои  ҳазор нафар тамошобин пешбинӣ шудааст.  Бино бо тарҳи миллӣ бунёд гардида, ба шабакаҳои гармидиҳӣ, ҳавотозакунию салқинсозӣ пайваст карда мешавад. Корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ  тобистони соли 2017 оғоз гардида, то охири сол беш аз 70 фисади корҳои сохтмонӣ бо харҷи 11 млн. сомонӣ  ба анҷом расонида  шуданд.

Дар оғози соли равон барои  пешбурди корҳо 8 млн. сомонӣ ҷудо гардид. Фармоишгари иншооти мазкур Дирексияи  сохтмони  иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда,  корҳои сохтмониро  бинокорони ҶДММ «Бунёд» бар уҳда доранд. Ба корҳои сохтмонӣ 80 нафар сохтмончиён, ки теъдоди бештари онҳоро сокинони  шаҳри Хоруғ ташкил медиҳанд,  ҷалб шудаанд.

Ҳоло корҳои сохтмонӣ,  аз қабили  хиштчинӣ, бетонхобонӣ дар ҷараён буда,  таъминоти   саривақтӣ бо масолеҳи сохтмонӣ  имконият медиҳад, ки суръати   корҳо  мутобиқи талабот ба роҳ монда шавад. Ҳамарӯза бинокорон аз 30 то 40 куб бетон хобонда, ба раванди сохтмон вусъат мебахшанд. Сохтмончиён ният доранд, ки соли равон ҳудуди 90 дарсади  корҳои созандагиро ба субут расонанд.

Чунин раванди кор  имконият медиҳад, ки  бинои Театри миллӣ  дар шаҳри Хоруғ сари вақт мавриди истифода қарор дода шуда,  ба симои  маркази  шаҳр   ҳусни дигар зам намояд.

Февраль 25, 2019 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд: «Дар мавсими гармо ба бехатарии маҳсулот диққат диҳед!»
Дар Душанбе даври ҷумҳуриявии озмуни «Сайри гули лола» баргузор мегардад
Тоҷикистон то соли 2029 истифодаи гидрофторкарбонҳоро то 70 фоиз коҳиш медиҳад
Тавсеаи ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Эрон дар соҳаи ҳамлу нақл баррасӣ гардид
Кишти зериплёнкавии пунбадона аз усулҳои муосири агротехникӣ ба ҳисоб меравад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо бунёди корхонаҳои хурду бузург дар Панҷакент ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ зиёд мешавад
Корхонаи навбунёди «Шири Ҷайҳун» 10 намуд маҳсулот истеҳсол менамояд
Дар деҳаи Фатмеви ноҳияи Айнӣ муассисаи таълимӣ бунёд карда мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Барои сазовор таҷлил намудани ин ҷашни миллӣ машварати корӣ доир шуд
«Истиқлоли Тоҷикистон ва эҳёи пайвандҳои таърихию фарҳангии мардумони ориёитабор». Дар ин мавзуъ ҳамоиши илмӣ баргузор мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо иштироки кормандони вазорату идораҳо дар Душанбе ҳашари ободонӣ ва тозакорӣ баргузор шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини ноҳияи Ҷайҳун дар замини наздиҳавлигияш киштро барои ҳосили дуюм оғоз намуд