ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини ноҳияи Ҷайҳун дар замини наздиҳавлигияш киштро барои ҳосили дуюм оғоз намуд

Апрель 11, 2026 14:00

ДУШАНБЕ, 11.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Сокини Ҷамоати деҳоти Қумсангири ноҳияи Ҷайҳун Аслиддин Зайниддинов дар замини наздиҳавлигияш пиёзи барвақтӣ кишт намуда буд, ки дар айни замон онро ҷамъоварӣ ва барои фурӯш ба бозори истеъмолӣ пешниҳод намудааст.

Тавре Аслиддин Зайниддинов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд, «замини наздиҳавлигиям 8 садякро ташкил медиҳад. Имсол бо аҳли хонаводаам пиёзи барвақтӣ кишт намудем. То имрӯз онро ҷамъоварӣ карда, барои фурӯш ба бозор баровардем. Нақша дорем, ки дар замини наздиҳавлигӣ дар кишти такрорӣ макка барои дон корем».

Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки Аслиддин Зайниддинов роҳбари хоҷагии деҳқонӣ низ мебошад. Замини хоҷагии деҳқонии ӯ 50 садякро ташкил дода, дар он низ пиёз парвариш намудааст. Дар айни замон барои ҷамъоварии ҳосили пиёз 20 сокини маҳаллиро ба кори мавсимӣ ҷалб намудааст.

Гуфта шуд, ки пиёзи барвақтӣ моҳи август кишт шуда, то охири моҳи апрел ҷамъоварӣ мегардад.

Аслиддин Зайниддинов иброз намуд, ки ҳангоми кишти тирамоҳӣ дар як гектар 16-18 килограмм тухмӣ кошта мешавад. Вақти кишти баҳорӣ 10-12 колограмм тухмӣ кишт кардан зарур аст. Дар ҳолати дертар кишт намудан, яъне дар моҳи апрел ҳосили пиёз кам мешавад. Сабаб дар он аст, ки дар ҳарорати баланд қисми рӯихокии пиёз назар ба бехаш зудтар инкишоф меёбад. Бинобар ин, дар заминҳои дер киштшуда растанӣ суст инкишоф меёбад. Ғайр аз ин, вақте ки бориш кам ва ҳарорат баланд мешавад, ҳолати нешзанӣ бад мегардад. Пиёзи аввали баҳор киштнамуда моҳи сентябр пухта мерасад ва тамоми зимистон нағз меистад.

«Пиёзе, ки дар моҳи сентябр ва аввали моҳи октябр ҷамъоварӣ мегардад, барои захира намудан хеле созгор аст. Барои фасли зимистон пиёз дар сардхонаҳо захира карда мешавад. Пеш аз он ки ин навъи маҳсулотро захира намоем, онро бояд дар муддати 10-12 рӯз дар Офтоб хушк намуда, аз байнашон пиёзи нуқсондорро ҷудо намуда, сипас дар борхалтаҳои махсус гирифта, захира намоем. Бояд гуфт, ки ҳарорати сардхона бояд 12 дараҷа гармиро ташкил намояд, зеро ки бо омадани фасли сармо ҳарорати сардхона поин шуда, ба 3 ё 4 дараҷа гармӣ мерасад. Агар ҳарорат аз ин паст шавад, ин маҳсулоти полезӣ сармозада мешавад»,- афзуд ҳамсуҳбати мо.

Мунира АБДУРАСУЛОВА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Апрель 11, 2026 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд