Ҳайати дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон мушаххас шуд
ДУШАНБЕ, 01.02.2018. /АМИТ «Ховар»/. Роҳбарияти дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон барои машғулиятҳои машқию таълимӣ, ки аз 1 то 15 феврал дар Туркия мегузаранд, ҳайати дастаро мушаххас кард. Дар ин бора сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Сармураббии дастаи мунтахаби олимпии мамлакат Усмон Тошев бо ин мақсад 20 нафар бозингар, аз ҷумла 3 дарвозабон, 7 муҳофизатгар, 8 нимҳимоятгар ва 2 ҳамалагарро интихоб кард.
Дар ҷамъомад футболбозони дастаи «Истиқлол»-и Душанбе Рустам Ятимов, Табрези Давлатмир, Эҳсони Панҷшанбе, Муҳаммадҷон Раҳимов ва Шериддин Бобоев, инчунин муҳофизатгари дастаи «Металлург»-и Ӯзбекистон Зоир Ҷӯрабоев, ки дар ҳайати дастаҳояшон дар ҷамъомадҳои таълимию тамринӣ қарор доранд, даъват нашудаанд.
Дар доираи ҷамъомад дар Туркия дастаи олимпии мамлаат 6, 11 ва 13-уми феврал се бозии санҷишӣ мегузаронад. Аллакай яке аз ин дастаҳо муайян шудааст ва он дастаи мунтахаби Камерун мебошад, ки дар бозии дуюм ширкат меварзад. Дастаҳои дигар имрӯзҳо мушаххас хоҳанд шуд.
Ёдовар мешавем, ки ҷамъомади машқию таълимӣ дар Анталияи Туркия яке аз давраҳои омодагӣ ба бозиҳои интихобии Чемпионати Осиё-2020, ки аз 22 то 26 марти соли равон дар Тошканд мегузарад, ба ҳисоб меравад. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон дар гурӯҳи «F» бо дастаҳои мунтахаби олимпии Ҳиндустон (22 март), Покистон (24 март) ва Ӯзбекистон (26 март) қувва месанҷад.
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҷамъомади машқию таълимӣ дар Туркия:
Дарвозабонҳо: Фатҳулло Бобоев («Хатлон»), Шоҳрух Қирғизбоев («Барқчӣ»), Фируз Назаров (Академияи футболи ФФТ);
Муҳофизатгарон: Алишер Холмуродов («Пандҷшер»), Алишер Баротов («Хатлон»), Доробҷон Эргашев (КМВА «Помир»), Ҳусейн Нурматов, Ваҳдат Ҳанонов, Оятулло Сафаров, Манучеҳр Сафаров (ҳама аз «Барқчӣ»);
Ниҳимоятгарон: Алишер Мирзоев («Сперанса», Молдова), Кароматулло Саидов («Хатлон»), Сорбон Авғонов («Пандҷшер»), Отабек Каримов («Истаравшан»), Шарафҷон Солеҳов, Далер Ёдгоров, Шервони Мабатшоев, Саидмухтор Азимов (ҳама аз «Барқчӣ»);
Ҳамлагарон: Амирҷон Сафаров («Регар-ТадАЗ»), Тоҳир Малодустов («Барқчӣ»).








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






