Ҷамшед Нурмаҳмадзода: «Тағйирёбии қурби сомонӣ ба омилҳои дохилию берунӣ рабт дорад»

Февраль 6, 2019 14:40

ДУШАНБЕ, 06.02.2019/АМИТ «Ховар»/. Қурби расмии асъори миллӣ-сомонӣ нисбат ба доллари амрикоӣ соли гузашта 6,9 фоиз коҳиш ёфтааст, ки он дар қиёс ба соли 2017  5,1 фоиз камтар мебошад.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода имрӯз дар ҷамъи хабарнигорон дар шаҳри Душанбе зимни натиҷагирӣ  аз вазъи  макроиқтисодӣ ва фаъолияти низоми бонкии мамлакат гуфт, ки тағйирёбии  қурби сомонӣ ба хусусиятҳои  бунёдию сохтории  иқтисодиёти ҷумҳурӣ  рабт дошта, он таҳти таъсири омилҳои дохилию берунӣ сурат мегирад. Яке аз сабабҳои  коҳиши  қурби сомонӣ нисбат ба доллари амрикоиро дар соли гузашта Раиси Бонки миллии Тоҷикистон  таҳти таъсири  вазъи ноустувори  геосиёсию  иқтисодӣ қарор  доштани шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон — Федератсияи Россия, хусусан коҳиши  қурби рубли русӣ нисбат ба доллари амрикоӣ арзёбӣ намуд.

Ҳамазамон  зиёд шудани бақияи  манфии тавозуни  савдо,  афзоиши  хароҷоти   асъории буҷети давлатӣ, зиёд шудани талабот  ба асъори хориҷӣ, афзудани фаъолияти тиҷоратию истеҳсолӣ ва дигар омилҳои мавсимӣ ба коҳиши  қурби сомонӣ нисбат ба доллари амрикоӣ таъсир расонидааст.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон афзуд, ки талабот ба доллари амрикоӣ  дар як рӯз дар кишвар ҳудуди 24 миллион долларро убур менамояд.

Февраль 6, 2019 14:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе