«Ҷавонон- сипари боэътимоди Ватан» — таҳти ин унвон дар ноҳияи И.Сомонии пойтахт чорабинии варзишӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 21.02.2019 /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар яке аз қисмҳои ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 26-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Ҷавонон- сипари боэътимоди Ватан» мусобиқаи варзишӣ баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба КИ ХХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ хабар медиҳад.
Дар мусобиқа намояндагони КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Кумитаи ичроияи ҳизб дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, нашрияҳои ҳизбии «Минбари халқ», «Мароми пойтахт» ва ТҶҶ «Созандагони Ватан»-и ноҳияҳои пойтахт иштирок намуданд.
Дар доираи мусобиқаи мазкур миёни сарбозон намудҳои гуногуни варзиш, аз қабили муҳорибаҳои тан ба тан, ба қисматҳо ҷудо намудани яроқҳо, дастхобонӣ, шашкаву шоҳмот ва ғайраҳо гузаронида шуданд.
Ёдовар мешавем, ки 23 феврал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ ботантана таҷлил мегардад. Имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат вазифаҳои худро дар таъмини тинҷию осоиштагӣ ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ содиқона ва софдилона иҷро намуда, афсарону сарбозон бо дарки баланди масъулияти касбӣ барои пешгирии ҳар амалу кирдоре, ки амният ва ҳаёти осоиштаи сокинони кишварро зери хатар мегузоранд, омода мебошанд.








«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид






