Ба истифода додани манораи танзимӣ кафолати таъмини бехатарии парвозҳост

Февраль 18, 2019 14:00

ДУШАНБЕ, 18.02.2019/АМИТ «Ховар»/. Интизор меравад, ки моҳҳои май-июни соли равон дар Фурудгоҳи байналмилалии  Душанбе манораи назорати танзими идораи  ҳаракати ҳавоӣ, ки алҳол сохтмонаш идома дорад, ба истифода дода шавад.

Бинобар иттилои директори Агентии авиатсияи граждании  назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон Икром Субҳонзода,  корҳои сохтмонии манораи  танзимкунанда дар  Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе моҳи марти соли 2018 оғоз гардида буданд. Ин иншооти муҳими аэронавигатсионӣ  дар доираи татбиқи лоиҳаи грантӣ, ки дар асоси Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати  Ҷумҳурии Франсия бунёд мегардад, ҷиҳати  таъмини бехатарии  ҳаракати ҳавоӣ ва рушди соҳаи аэронавигатсияи  кишварамон нақши муассир мегузорад. Бо бунёди манораи танзимӣ, ки баландиаш 41 метрро ташкил медиҳад, биниши танзимгарон дучанд гардида, таъмини бехатарии парвозҳо  дар арсаи байналмилалӣ дар бахши авиатсияи ҳавопаймоии мамлакат тақвият меёбад.

Бунёди  манораи назорати танзими идораи  ҳаракати ҳавоӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дар ҳолест, ки моҳи июн ва сентябри соли гузашта   дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ду иншооти муҳим, ки ба рушди авиатсияи  миллӣ муосидат менамоянд- терминали боркашонӣ ва толори қабули меҳмонони расмӣ, ки ҷавобгӯи сатҳи  баланди хизматрасонии байналмилалӣ мебошанд, ба истифода дода шуданд.

Февраль 18, 2019 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд