Ба Қонун «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ» тағйирот ворид мегардад

Февраль 5, 2019 08:30

ДУШАНБЕ, 5.02.2019. /АМИТ «Ховар»/.  4 феврал таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон баргузор гардид.

Тавре котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон  Муҳаммадато Султонов ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, дар ҷаласа лоиҳаҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни ҶТ «Дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни ҶТ«Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет» ва «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни ҶТ «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ» мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Ба иттилои манбаъ, масъалаи аввали рӯзномаи ҷаласаро ба аъзои Шӯро раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба  қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Эмомалӣ Насриддинзода муаррифӣ намуда, гуфт, ки «лоиҳаи Қонуни мазкур бо мақсади мукаммал гардонидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва мутобиқ намудани он ба талаботи Қонуни ҶТ «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», инчунин такмил додани меъёрҳои Қонуни амалкунанда, ворид намудани тағйироти имлоӣ ва таҳрирӣ ба баъзе моддаҳо ва сархатҳо таҳия гардидааст»

Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Шариф Раҳимзода масъалаи дуюми рӯзномаи ҷаласаро баррасӣ намуда, иброз дошт, ки  лоиҳаи Қонуни мазкур бо мақсади мутобиқ гардонидани муқаррароти он ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия гардидааст.

«Зимни баррасии масъалаи сеюм зикр гардид, ки он бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни пешниҳоди  Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии мамлакат 26 декабри соли 2018 баён доштанд, таҳия гардидааст», — илова намуд манбаъ.

Дар ҷаласаи Шӯро зикр гардид, ки масъалаҳои баррасигардида барои баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум ва беҳтар гардидани вазъи иҷтимоии аҳолӣ равона шудаанд.

Февраль 5, 2019 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид