Бахшида ба Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ дар ҷумҳурӣ мусобиқаҳои оммавӣ – варзишӣ доир мегарданд

Февраль 21, 2019 08:55

ДУШАНБЕ, 21.02.2019 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 26–умин солгарди Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 феврали соли равон  дар ҷумҳурӣ баргузории  521 мусобиқаю барномаҳои оммавӣ – варзишӣ дар назар аст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» мутахассиси пешбари бахши таҳлилу иттилооти  Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримҷон Салимзода хабар дод.

Бино ба иттилои номбурда, инчунин дар ин рӯз дар саросари мамлакат зиёда аз 191 машқи дастаҷамъонаи пагоҳирӯзӣ бо доираи васеи наврасону ҷавонон, кормандони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо доир карда мешаванд.

Ҳамзамон баргузории 330 мусобиқаи оммавӣ – варзишӣ аз рӯи намудҳои футбол, волейбол, баскетбол, тӯби дастӣ, гӯштини миллӣ, камарбандӣ, тарзи озод, юнонӣ-румӣ, дзюдо, самбо, карате–до, каратэ –кёкушинкай, аспдавонӣ, велосипедронӣ, саққобозӣ, шиноварӣ, шоҳмоту шашка, бокс, таэквондо ИТФ ва таэквондо ВТФ ба нақша гирифта шудаанд.
Мавриди зикр аст, ки 23 феврали соли 2019 маросими кушодашавии мусобиқаи кушод оид ба футболи хурд барои дарёфти Ҷоми «Журналистони ҷавон – 2019» баргузор мегардад.

Оғози мусобиқаи кушод оид ба футбол соати 9:00 муайян шудааст.

Февраль 21, 2019 08:55

Хабарҳои дигари ин бахш

«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид