Дар Душанбе даври ниҳоии «Озмуни дастархонороӣ» баргузор мегардад

Февраль 7, 2019 08:20

ДУШАНБЕ, 07.02.2018. /АМИТ «Ховар»/. Ҳафтаи оянда дар шаҳри Душанбе даври ниҳоии «Озмуни дастархонороӣ» баргузор мегардад. Дар ин бора аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе  ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дода афзуданд, ки дар робита ба ин қарори Раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ ба имзо расид.

Ба иттилои корманди шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Бахтовари Исмоил, даври ноҳиявии озмун қисман ҷамъбаст гардида, дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ озмун имрӯз, 7 феврал баргузор мешавад.

«Аз ҳар як ноҳия 3 нафар ғолиби интихобгардида дар даври озмуни шаҳрӣ иштирок намуда, ғолибон бо мукофотпулӣ сарфароз гардонида мешаванд. Ба ғолиби ҷойи аввал 5 ҳазор, ҷойи дуюм 3 ҳазор, ҷойи сеюм 1 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ дода шуда, иштирокдорон бо сипоснома қадрдонӣ мегарданд», — илова намуд мавсуф.

Бояд гуфт, ки озмуни мазкур дар асоси ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019- 2021, ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018 тасдиқ гардидааст, баргузор мегардад.

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо қарори худ раисони ноҳияҳои пойтахт ва дигар масъулинро ҷиҳати дар сатҳи баланди фарҳангӣ доир намудани «Озмуни дастархонороӣ» дар даври ноҳиявӣ ва шаҳрӣ муваззаф намудааст.

Тавре қаблан хабар додем, ташкилкунандагони озмун Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот мебошанд.

Ёдовар мешавем, ки мақсад аз баргузории озмуни мазкур- эҳё ва тарғиби таомҳои миллӣ, ҳамагонӣ намудани он ва баланд бардоштани маданияти дастархонороии тоҷикон мебошад.

Февраль 7, 2019 08:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукуҳ баргузор гардид
Соли 2025 зиёда аз 1 миллион сайёҳон ба шаҳри Душанбе ворид гардидаанд
Дар Душанбе омодагӣ ба Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ – 2026» баррасӣ гардид
Рустами Эмомалӣ даъват намуданд, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои мошингард риоя карда шаванд
Душанбе пойтахти фарҳангии Осиё дар соли 2026 эълон гардид
ТАНЗИМ-БАРАКАТИ ЗИНДАГӢ. Дар ноҳияи Синои пойтахт 34 ҳолати вайронкунии қонун ошкор карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар нуҳ соли охир дар Душанбе беш аз 1287 иншоот сохта, ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе 190 ҳолати қонуншиканӣ дар соҳаи шаҳрсозӣ ва замин ошкор гардид
«ДУШАНБЕ — ШАҲРИ САБЗ». Дар ноҳияи Синои пойтахт зиёда аз 175 ҳазор бех дарахтон шинонида шуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба зиёда аз 1 миллиард сомонӣ расид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Нақшаи чорабиниҳои 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ 77 фоиз иҷро шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар самти бунёди муассисаҳои томактабӣ дар ноҳияи Шоҳмансур чӣ тадбирҳо андешида мешаванд?