Дар Душанбе курси нахустини такмили ихтисоси кормандони соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш оғоз гардид

Февраль 19, 2019 09:15

ДУШАНБЕ, 19.02.2019 /АМИТ «Ховар»/.  18 феврал  дар Муассисаи давлатии «Маркази такмили ихтисоси кормандони соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш» курси нахустини такмили ихтисоси кормандони соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш оғоз гардид, ки дар он директорони мактабҳои варзишии ҷумҳурӣ аз шаҳри Душанбе, ВМКБ, Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ  иштирок доранд.

Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, Муассисаи давлатии «Маркази такмили ихтисоси кормандони соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш» 31 июли соли 2018 дар заминаи сиёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис дода шудааст. Он барои рушди соҳаи варзиш, омода намудани кадрҳои баландихтисос дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва мутобиқ гардонидани мураббиён ба стандартҳои байналмилалӣ заминаи мусоид фароҳам меоварад.

Зимни боздид аз ҷараёни баргузории курси такмили ихтисоси мазкур Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Аҳтам Абдуллозода иброз дошт, ки «бо дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат имрӯзҳо барои рушду инкишофи соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, баланд бардоштани сатҳи касбияти мураббиёну масъулини соҳа, машқу тамрин ва азхуднамоии усулҳои нави варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми шароит фароҳам оварда шудааст. Соли 2018 варзишгарони тоҷик дар 146 мусобиқаи байналмилалӣ ширкат намуданд, ки ин аз таваҷҷуҳи  пайвастаи Пешвои миллат нисбат ба соҳаи варзиш дарак медиҳад».

Дар зарфи 27 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ барои кормандони соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиш чунин марказ вуҷуд надошт. Соли 2018 бо  дастгирии Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари таъсиси маркази мазкур Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии тайёрии олимпии дастаҳои мунтахаб» ва дар дастгоҳи марказии Кумита «Шуъбаи кор бо дастаҳои мунтахаб» таъсис дода шуд.

«Мутобиқ намудани варзишгарон ба меъёрҳои сатҳи байналмилалӣ, баланд бардоштани маҳорати касбии варзишгарону мураббиён ва иштироки варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ яке аз ҳадафҳои олии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш мебошад.  Барои  тамрин ва омодагиҳои варзишгарон дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми шароит фароҳам оварда шудааст. Танҳо  мураббиёну варзишгарон даъват карда  мешаванд, ки тамрин намуда, нозукиҳои касбиро аз худ намоянд. Варзишгарони тоҷик бояд  дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ маҳорати  касбӣ нишон дода, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро баланд бардоранд»,- зикр намуд Аҳтам Абдуллозода.

Ёдовар мешавем, ки курси такмили ихтисоси кормандони соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш то 2 марти соли 2019 идома ёфта, дар охир ба иштирокчиён сертификат супорида мешавад.

Февраль 19, 2019 09:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст