Дар Хоруғ миёни сарбозону афсарони ниҳодҳои низомию қудратӣ мусобиқаи варзишӣ баргузор гардид

Февраль 19, 2019 16:17

ХОРУҒ, 19.02.2019 /АМИТ «Ховар»/.  Бо иқдоми Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ҳамкорӣ бо Комиссариати ҳарбии вилоят бахшида ба 26-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон  мусобиқаи варзишӣ аз намуди гӯштини миллӣ баргузор гардид.

Тавре аз Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, мусобиқа дар толори варзишии Муассисаи давлатии «Мактаби президентии шаҳри Хоруғ» давоми як ҳафта идома ёфт. Дар он зиёда аз 80  нафар кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ, Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ), Комиссариати ҳарбии вилоят, қисмҳои низомии 0410 ва 01123,  раёсатҳои гумрук, андоз, Агентии назорати  маводи нашъаовар (АНМН), Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа, Хадамоти давлатии оташнишонӣ ва  комендатураи ҳарбӣ  дар   вазнҳои мухталиф бо ҳам қувваозмоӣ  намуданд.

Сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Сураҷ Чоршанбиев гуфт, ки «дар ҳайати ниҳодҳои низомию қудратӣ ва  интизомию назоратӣ ҷавонони зиёде ба тамрини намудҳои гуногуни гӯштин машғуланд. Мо ин сабқатро барои ҳавасмандии бештар ва такмил додани ҳунару маҳорати варзишии онҳо баргузор кардем. Дар ҳайати ҳар яке аз ин дастаҳо аз ду то панҷ нафар устодони варзиши ҷумҳурӣ ва байналмилалӣ ҳузур доштанд. Аз ин рӯ рақобат хеле шавқовару пурҳаяҷон гузашт. Дар вазни 65 кг сарбози қисми низомии 01123 Ҳадия Давлатов, дар вазни 70 кг афсари РВКД Абдуғаффори  Ҷумъазод, дар вазни 80 кг афсари КДАМ Фаридун Қодиров, дар вазни 90 кг афсари РВКД Малик Шошоев, дар вазни 90 кг афсари Раёсати гумрук Рашид Зиёбеков ва дар вазни зиёда аз 100 кг  афсари АНМН Нурӣ Қаландаров мақоми аввалро соҳиб шуданд».

Мусобиқа бо пирӯзии дастаи Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ ба анҷом расид. Мақоми дуюмро Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва сеюмро қисми низомии 01123 ишғол намуданд.

Ғолибон бо ифтихорномаю туҳфаҳои хотиравии Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят сарфароз гардиданд.

Февраль 19, 2019 16:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид