Дар шаҳри Ҳисор Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Чакомаи гесӯ» доир гардид
ДУШАНБЕ, 18.02.2019/АМИТ «Ховар»/. Дар Осорхонаи шаҳри Ҳисор даври шаҳрии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Чакомаи гесӯ» баргузор гардид. Дар он намояндагони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва коллеҷу муассисаҳои томактабӣ ширкат варзиданд.
Тарғибу ташвиқи фарҳангу тамаддуни миллӣ, ашъори бузургони адабиёти классику муосир, суруду рақс, ривояту таронаҳои мардумӣ бахшида ба ҳусну тароват, ҷозибаи гесӯ, либосҳо ва ороишоти миллӣ ҳадафи асосии озмуни мазкур маҳсуб меёфт.
Довталабон тавонистанд бо истеъдоди хуби фитрӣ ва маҳорати ҳунармандӣ дар фестивал-озмун фаъолона ширкат варзанд. Иҷрои ин амал тавонист дар шинохти мақому манзалати ҳунари машшотагӣ, либосҳои тоҷикӣ, суръату сифати тоза бахшидан ба истеҳсоли намудҳои гуногуни матоъҳои миллӣ, аз қабили атласу адрас, шоҳӣ, чакану алоча, гулбасту чит, тоқӣ ва ғайра мусоидат намояд. Дар озмун ҳунари волои машшотаҳо дар ороиш ва мӯйбофии миллӣ тавассути намоиши расму оинҳои неки аҷдодӣ, аз қабили саршӯёну арӯсбаророн, мӯйбофону зулфандозӣ, ҷамолакбандию майдабофӣ ба қазовати ҳайати ҳакамон ва ҳозирин вогузор карда шуд.
Зимни баҳогузорӣ ба тарҳи дӯхти либоси иштирокдорон ҳамчунин ба санъати истифода аз маводи зиннатдиҳанда, аз қабили марҷон, дастпона, сарпӯш, гӯшвора ва ғайраҳо таваҷҷуҳи хосса дода шуд. Иштирокдорони озмун ҳамзамон ҷиҳати ба баромади худ таровати бештар бахшидан аз ҳунари сарояндагиву раққосӣ ва бадеҳахонӣ истифода намуданд.
Иштирокдорони фестивал—озмуни «Чакомаи гесӯ», ки аксаран духтарону бонувони дорои мўйҳои дароз ва зебою ороёфта буданд, бо намоиши барномаи дилнишини фарҳангӣ саъй намуданд, ки табиати биҳиштосои Тоҷикистон, либосу ороишоти миллии занона ва фарҳанги волои рақсу суруди тоҷикиро манзури бинандагон намоянд.
Дар ҷамъбаст ғолибони озмун ва иштирокчиёни фаъол бо туҳфаҳои хотиравии раиси шаҳри Ҳисор сарфароз гардонида шуданд.








Беҳтарин китобҳои тозанашри Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалӣ пешниҳод гардид
Дар Қазон масъалаи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Тотористон баррасӣ гардид
Доир ба саҳми таърихии Борбади Марвазӣ конфронси байналмилалӣ баргузор мешавад
«ДОИРАБАЗМ». Дар Душанбе даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии созҳои зарбӣ баргузор мешавад
Нахустнамоиши филми муштараки Тоҷикистону Узбекистон «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» баргузор шуд
«ДОСТОНИ ДУШАНБЕ». Китоби нави Шоири халқии Тоҷикистон Давлат Сафар рӯнамоӣ гардид
Дар Файзобод нимпайкараи шоири муосири тоҷик Бозор Собир гузошта шуд
Беҳтарин асарҳои назмию насрӣ дар соли 2026 муайян мегарданд
«ДАР ЧЕҲРААШ НУРИ ХУДО ДОРАД». Таҳти ин унвон бахшида ба Рӯзи Президент намоиши асарҳо баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалӣ ва намоиши либосҳои миллӣ баргузор гардид
Дар Душанбе маҳфили эҷодии Шоири халқии Тоҷикистон Давлат Сафар баргузор мегардад
Дар кинотеатри «Ватан» нахустнамоиши филми муштараки «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» баргузор мешавад






