Дастаи «Истиқлол» бозиҳои санҷишии худро дар Туркия ба анҷом расонд
ДУШАНБЕ, 08.02.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз чемпиони Тоҷикистон «Истиқлол»-и Душанбе охирин бозии санҷишии худро дар шаҳри Анталияи Туркия ба анҷом расонида, аз дастаи «Суғдиён»-и Ӯзбекистон бо натиҷаи 0:1 мағлуб шуд. Тавре сомонаи расмии клуб хабар медиҳад, ин вохӯрӣ зери борони шадид ҷараён гирифт.
«Истиқлол» -и Душанбе дар доираи омодагӣ ба бозии интихобии Лигаи чемпионҳои Осиё бо дастаи АГМК-и Алмалик, ки 12 феврал дар Ӯзбекистон баргузор мегардад, 4 бозии таҷрибавию санҷишӣ доир намуда, бо дастаҳои «Тобол»-и Қазоқистон (1:2), «Челик»-и Босния ва Герсоговина (2:0), «Кёге»-и Дания (1:1), «Том»-и Россия (2:1) ва «Суғдиён»-и Ӯзбекистон (0:1) қувва санҷид. Дар вохӯрии охирин Ҳаким Фузайлов он бозингаронеро ба майдон овард, ки дар бозии пешина бо дастаи «Том» ширкат надоштанд.
Акнун чемпиони Тоҷикистон — «Истиқлол» баъди машқҳои имрӯза давраи омодагиро дар Туркия ба анҷом расонида, пагоҳ ба Ӯзбекистон сафар мекунад.
Бозии байни дастаҳои АГМК ва «Истиқлол» 12 феврал баргузор мегардад.
Бозии таҷрибавӣ
«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Суғдиён» (Ӯзбекистон) – 0:1
Гол: Ойбек Нурматов, 19
«Истиқлол» (Душанбе): Рустам Ятимов, Ҷалил Кимсанов, Бахтиёр Қаландаров, Шаҳром Сулаймонов, Фирӯз Қараев, Амирбек Ҷӯрабоев, Нозим Бобоҷонов, Комрон Турсунов, Муҳаммадҷон Раҳимов, Шаҳром Самиев, Шериддин Бобоев.








Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад






