Дастаи «Истиқлол» дар Туркия омодагиро ба бозиҳои интихобии Лигаи чемпионҳои Осиё вусъат мебахшад
ДУШАНБЕ, 04.02.2019. /АМИТ «Ховар»/. Чемпиони Тоҷикистон – «Истиқлол»-и Душанбе тайёрии худро ба бозиҳои интихобии Лигаи чемпионҳои Осиё вусъат мебахшад. Дирӯз бозӣ сеюми санҷиии футболбозони «Истиқлол» бо дастаи «Кёге»-и Дания, ки дар Лигаи якуми футболи ин кишвар ҳунарнамоӣ мекунад, бо натиҷаи мусовии 1:1 анҷом пазируфт. Тӯбро аз дастаи «Истиқлол» Фатҳулло Фатҳуллоев ба нишон расонд. Ин вохӯрии таҷрибавии сеюми душанбегиҳо дар шаҳри Анталияи Туркия мебошад.
Аз ин пеш «Истиқлол» дар бозии дуюми санҷишӣ бар дастаи «Челик»–и Босния ва Герсеговина бо ҳисоби 2:0 ғолиб омад. Тӯбҳоро Шериддин Бобоев ва Нозим Бобоҷонов ба нишон расониданд. Ягона бозие, ки барои чемпионҳо бо бохт анҷом ёфт, ин вохӯрии нахустини санҷишӣ аз дастаи «Тобол»-и Қазоқистон — дорандаи медалҳои биринҷии мавсими гузаштаи Қазоқистон бо натиҷаи 1:2 ба ҳисоб меравад.
Бозии санҷишии навбатиашро «Истиқлол» бо клуби «Том»-и Россия 6 феврал барпо менамояд.
Ёдовар мешавем, ки «Истиқлол» баъди анҷоми давраи омодагӣ дар Туркия мустақиман ба бозии интихобии Лигаи чемпионҳо бо дастаи АГМК ба Ӯзбекистон сафар мекунад. Ин вохӯрӣ 12 феврал гузаронида хоҳад шуд.








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






