Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Туркия ба ғалабаи дуюм ноил гардид
ДУШАНБЕ, 19.02.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон оид ба футбол (U-17), ки давраи ҷамъомади таълимӣ-машқии худро дар шаҳри Анталияи Туркия ба анҷом мерасонад, дар вохӯрии навбатии худ бар дастаи ҷавонони «NTG Конгсвингер»-и Норвегия бо натиҷаи 1:0 ғолиб омад. Ягона тӯбро Озодбек Панҷиев дар дақиқаи 57-ум ба нишон расонд.
Аз ин пештар дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон таҳти роҳбарии Зайниддин Раҳимов бо «Ференсварош» –и Венгрия (2:1) ва «Академикс Болдклуб Гладсакс»-и Дания (1:1) бозиҳои таҷрибавӣ анҷом дода буданд.
Имрӯз дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон охирин машқҳои барқароршавӣ ва давраи омодагии навбатии худро дар Туркия ба анҷом расонида, ба ватан бармегардад.
Ҷамъомади таълимӣ-машқӣ яке аз марҳилаҳои омодагӣ ба Чемпионати ҷаҳон-2019 ба ҳисоб меравад, ки аз 5 то 27 октябр дар Перу баргузор мегардад. 14 май баъди қуръакашии бозиҳо дастаҳои мунтахабе, ки бо наврасони Тоҷикистон дар як гурӯҳ ҷойгир мешаванд, муайян хоҳанд шуд. Алҳол ҳафт даста ба бозиҳои финалӣ роҳхат гирифтаанд: Перу (мизбон), Япония, Тоҷикистон, Австралия, Кореяи Ҷанубӣ аз Осиё, Зеландияи Нав ва Ҷазираҳои Сулаймон аз Уқёнус.








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






