Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) имрӯз ба Туркия сафар мекунад
ДУШАНБЕ, 05.02.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон оид ба футбол (U-17) шоми имрӯз барои машғулиятҳои таълимӣ-машқии навбатии худ ба шаҳри Анталияи Туркия сафар мекунад. Тавре сомонаи расмии ФФТ хабар медиҳад, футболбозони навраси Тоҷикистон дар Туркия омодагии худро ба бозиҳои Чемпионати ҷаҳон, ки дар Перу баргузор хоҳад шуд, идома медиҳанд.
Ҷамъомади таълимӣ-машқӣ то 19 феврал идома меёбад. Дастпарварони Зайниддин Раҳимов дар давраи машғулиятҳо се бозии таҷрибавии худро бо дастаҳои наврасони “Ференсварош” –и Венгрия (9 феврал), “Академикс Болдклуб Гладсакс”-и Дания (13 феврал) ва боз як дастаи дигар, ки то ҳанӯз муайян нашудааст (18 феврал), барпо мекунанд.
Ҷамъомади таълимӣ-машқӣ яке аз марҳилаҳои омодагӣ ба Чемпионати ҷаҳон-2019 ба ҳисоб меравад, ки аз 5 то 27 октябр дар Перу баргузор мегардад. 14 май баъди қуръакашии бозиҳо дастаҳои мунтахабе, ки бо наврасони Тоҷикистон дар як гурӯҳ ҷойгир мешаванд, муайян хоҳанд шуд. Алҳол ҳафт даста ба бозиҳои финалӣ роҳхат гирифтаанд: Перу (мизбон), Япония, Тоҷикистон, Австралия, Кореяи Ҷанубӣ аз Осиё, Зеландияи Нав ва Ҷазираҳои Сулаймон аз Уқёнус.
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон (U-17):
Дарвозабонҳо: Муҳриддин Ҳасанов («Парвоз»), Комрон Иброҳимов, Самандар Каримов (аз «Локомотив-Помир»);
Муҳофизатгарон: Асадбек Зиёзода («Истаравшан»), Шаҳром Назаров, Шоҳрух Сангов, Ҷонибек Шарифов, Исроил Холов, Мехробҷон Азимов (ҳама аз «Локомотив-Помир»);
Нимҳимоятгарон: Муҳаммадалӣ Азизбоев («Истаравшан»), Иброҳим Зокиров («Регар-ТадАЗ»), Эмомалӣ Аҳмадхон, Нидоёр Забиров, Шарифбек Раҳматов, Шуҳрат Элмуродов, Озодбек Панҷиев, Азизбек Ҳасанов, Амадони Камолов, Хамзаҷон Аҳтамов (ҳама аз «Локомотив-Помир»);
Ҳамлагарон: Сунатулло Исмоилов («Хатлон»), Ислом Зоиров, Рустам Соиров, Парвиз Хоҷиев (ҳама аз «Локомотив-Помир»).
Сармураббӣ – Зайниддин Раҳимов.








Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд






