Дастаи мунтахаби ноҳияи Роштқалъа ғолиби мусобиқаи «Ватанпарвар» гардида, ба мусобиқаи ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифт

Февраль 1, 2019 09:03

ХОРУҒ, 1.02.2019 /АМИТ  «Ховар»/. Бо ибтикори Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагии Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ дар ҳамкорӣ бо Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ  таҳти унвони «Ватанпарвар» байни хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таълимии  Вилояти Мухтори Кӯҳистон Бадахшон мусобиқаи ҳарбию варзишӣ баргузор гардид. Мусобиқа дар ҳудуди қисми низомии 0111, мансуб ба қӯшунҳои зудамали Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон  доир гардида, дар он хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Шуғнон, Роштқалъа ва Рӯшон ширкат варзиданд.

Ҳадафи аслии Маркази ҷумҳуриявии таҳсилоти иловагӣ аз баргузории мусобиқаи «Ватанпарвар»- ин баланд бардоштани мавзӯъ ва муҳтавои дарси омодагии дифои ҳарбӣ ва ба ин восита ҳаматарафа омода намудани наврасон ба хизмати Ватан-Модар мебошад. Ҳамчунин мусобиқа ба наврасон имконият медиҳад, ки онҳо бо ҳам аз наздик шинос гашта, минбаъд дӯстию рафоқат миёни онҳо бештар  таҳким ёбад.

Ба гуфтаи сардори Маркази таҳсилоти иловагии вилоят Ниёзмамад Мамадаёзов,  «мусобиқа дар байни хонандагон аз рӯи шартҳои  саф оростан  дар ду радиф, иҷрои амру фармонҳои низомӣ, тоб хӯрдан дар ҷои худ ва ҳангоми ҳаракат, гузашти низомӣ ва намудҳои гуногуни варзишӣ доир гардид. Аз тарзи либоспӯшӣ, шеваи қадамзанӣ, иҷрои амру фармонҳои роҳбар аён гардид, ки хонандагон ба ин мусобиқа бо омодагии комил ҳозир шудаанд».

Бояд зикр кард, ки мусобиқа дар се марҳила сурат гирифт. Марҳилаи аввал дар сатҳи ҷамоатҳои деҳот, марҳилаи дуюм дар сатҳи ноҳияҳо ва марҳилаи сеюм дар сатҳи вилоят баргузор гардид. Дар он дастаи мунтахаби ноҳияи Роштқалъа мақоми аввалро ишғол карда, бо ифтихорнома ва 500 сомонӣ мукофоти пулӣ сарфароз гардид. Дастаи мунтахаби шаҳри Хоруғ дар ҷои дуюм қарор гирифта, соҳиби 400 сомонӣ гардид. Ба дастаи ноҳияи Рӯшон, ки мақоми сеюмро ишғол кард, 300 сомонӣ тақдим карда шуд.

Дастаи мунтахаби ноҳияи Роштқалъа аз тарафи ҳакамон ғолиби мутлақи ин мусобиқа  дониста шуд. Аъзои даста акнун ба мусобиқаи  ҷумҳуриявӣ, ки даҳаи дуюми моҳи феврал дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, омодагӣ мебинанд.

Февраль 1, 2019 09:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд