Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон давраи омодагиро дар Туркия ба анҷом расонд

Февраль 15, 2019 09:20

ДУШАНБЕ, 15.02.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон, ки ба бозиҳои интихобии Чемпионати Осиё тайёрӣ мебинад,  машғулиятҳои машқию таълимии худро дар шаҳри Анталияи Туркия ба анҷом расонд. Ин ҷамъомад аз 1 феврал шурӯъ гардида, то 15 феврал идома ёфт. Дар ин бора сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар ҷараёни омодагӣ дастаи  мунтахаби олимпии мамлакат се вохӯрии санҷишӣ доир  кард.  Усмон Тошев шогирдони худро дар бозиҳо бо дастаҳои ҷавонони ССКА-и Москва (1:1), “Ворскла”-и Украина (1:1) ва ҳайати дуввуми “Краснодар”-и Россия (0:3)  аз назар гузаронид.  Дар  ин ҷамъомад футболбозони дастаи «Истиқлол»-и Душанбе Рустам Ятимов, Табрези Давлатмир, Эҳсони Панҷшанбе, Муҳаммадҷон Раҳимов ва Шериддин Бобоев, инчунин муҳофизатгари дастаи «Металлург»-и Ӯзбекистон Зоир Ҷӯрабоев, ки дар ҳайати дастаҳояшон дар ҷамъомадҳои таълимию тамринӣ қарор доштанд, иштирок  накарданд. Машғулиятҳои навбатӣ моҳи март идома меёбанд.

Ёдовар мешавем, ки дастаи олимпии мамлакат давраҳои омодагиро ба бозиҳои  интихобии Чемпионати Осиё-2020, ки аз 22 то 26  марти соли равон дар Тошканд мегузарад, дар амал татбиқ менамояд. Футболбозони мо   дар гурӯҳи «F» бо  дастаҳои мунтахаби олимпии Ҳиндустон (22 март), Покистон (24 март) ва Ӯзбекистон (26 март) қувва месанҷанд.

Бозиҳои таҷрибавии дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон дар Туркия

ССКА U-21 (Москва, Россия) – дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) – 1:1

Муаллифи гол аз дастаи Тоҷикистон: Сорбон Авғонов.

Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон (U-23): Шоҳрух Қирғизбоев, Алишер Баротов, Доробҷон Эргашев, Ҳусейн Нурматов, Отабек Каримов, Далер Ёдгоров (Сорбон Авғонов, 77), Шервонӣ Мабатшоев, Алишер Мирзоев (Саидмухтор Азимов, 82), Кароматулло Саидов (к), Шарафҷон Солеҳов, Амирҷон Сафаров (Тоҳир Малодӯстов, 77).

6 феврал. Анталияи Туркия.

«Ворскла» U-21 (Полтава, Украина) – – дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) – 1:1

Муаллифи гол аз дастаи ТоҷикистонКароматулло Саидов.

Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон (U-23): Фатҳулло Бобоев, Отабек Каримов, Ваҳдат Ҳанонов (Оятулло Сафаров, 79), Алишер Баротов, Ҳусейн Нурматов, Кароматулло Саидов (к), Шарафҷон Солеҳов, Шервонӣ Мабатшоев (Манучеҳр Сафаров, 57), Алишер Мирзоев (Саидмухтор Азимов, 43), Далер Ёдгоров, Амирҷон Сафаров (Тоҳир Малодӯстов, 61, Сорбон Авғонов, 79).

11 феврал. Анталияи Туркия.

«Краснодар» U-21 (Краснодар, Россия) – дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23)  – 3:0

Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон (U-23): Шоҳрух Қирғизбоев, Манучеҳр Сафаров, Алишер Баротов (Алишер Холмуродов, 46), Оятулло Сафаров, Ҳусейн Нурматов (Доробҷон Эргашев, 90), Саидмухтор Азимов, Шарафҷон Солеҳов (к), Алишер Мирзоев (Ваҳдат Ҳанонов, 73), Шервони Мабатшоев (Отабек Каримов, 60), Сорбон Авғонов (Далер Ёдгоров, 65), Амирҷон Сафаров (Тоҳир Малодӯстов, 58).

13 феврал. Анталия, Туркия.

Февраль 15, 2019 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Олмон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон мусобиқаи муштараки футбол доир шуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз гардид
Дар шаҳри Ҳисор бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон ду иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
Дар Тоҷикистон нахустин толори варзишии шамшербозии «Шеру Шамшер» ифтитоҳ шуд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон (U-20) дар бозии даври дуюми марҳилаи интихобӣ тими Афғонистонро мағлуб кард
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Имрӯз дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо дастаи Афғонистон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол моҳҳои сентябр ва октябр дар сафар се бозии дӯстона баргузор мекунад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Турсунзода зиёда аз 31 иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд
ФУТБОЛ. 31 август марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни мунтахабҳои ҷавонони то 20-сола оғоз мешавад
Сармураббии нави дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) оид ба футбол таъйин гардид
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) оид ба футбол бозии дуюми санҷиширо бо дастаи Лубнон мусовӣ анҷом дод