Футбол: мавсими нави Чемпионати Тоҷикистон 6 апрел оғоз меёбад
ДУШАНБЕ, 20.02.2019. /АМИТ «Ховар»/. Мавсими нави Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол 6 апрел оғоз меёбад. Дар ин бора Кумитаи иҷроияи ФФТ қарори худро ба тасвиб расонд.
Дар мавсими 28-уми футболи Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ мисли соли гузашта 8 даста иштирок мекунад. Инҳо «Истиқлол» (Душанбе), «Хуҷанд» (Хуҷанд), «Кӯктош» (Рӯдакӣ), «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода), «Хатлон» (Бохтар), КМВА «Помир» (Душанбе), «Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ) ва «Истаравшан» (Истаравшан)-ғолиби соли гузаштаи Лигаи якум мебошанд. Имсол ҳам Чемпионат дар се марҳила гузаронида шуда, дастаҳо 21 вохӯрӣ анҷом медиҳанд.
Тибқи низомнома, дастаи зинаи охири мусобиқа Лигаи олиро тарк мекунад. Дастае, ки дар ҷои ҳафтум аст, бо дастаи зинаи дуюми Лигаи якум барои дар Лигаи олӣ мондан дар бозии гузариш ширкат меварзад.
Лигаи миллии футбол рӯзҳои наздик қуръакашии бозиҳои Чемпионатро доир хоҳад кард.
Аз рӯи анъана, пеш аз оғози Чемпионат 29 март дар Варзишгоҳи марказии пойтахт бозӣ барои Ҷоми олии Тоҷикистон бо ширкати чемпиони соли гузашта ва барандаи Ҷоми Тоҷикистон-2018-дастаи «Истиқлол»-и Душанбе ва соҳиби медалҳои нуқраи Чемпионати мамлакат-2018- «Хуҷанд»-и Хуҷанд гузаронида мешавад.








«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид
Ҷудокорони тоҷик ҳангоми ба даст овардани медалҳои Бозиҳои Осиёӣ бо ҷоизаҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд
Ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои Осиёӣ-2026 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Озарбойҷон бозии дӯстона доир менамояд
Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 аввалин медалҳои тиллоро соҳиб шуданд
Се варзишгари Тоҷикистон ба финали мусобиқаи ММА дар Бозиҳои Осиёии Ҷопон роҳ ёфтанд
Варзишгари тоҷик Беҳрӯз Умаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон соҳиби медали тилло гардид
Рамазон Ҷумаев ва Анӯшервон Назарзода соҳиби унвони қаҳрамони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо дар шаҳри Душанбе гардиданд
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона бо дастаҳои Озарбойҷон, Фаластин ва Чин муайян гардид
Душанбе маротибаи дуюм мизбони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо мегардад
Варзишгари тоҷик Ҷаҳонгир Камолов дар Мусобиқаи байналмилалии Ҷоми АвруОсиё соҳиби медали тилло шуд
Дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо варзишгарон-шиноварони Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид






