ФУТБОЛ: қуръакашии мавсими нави Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ 28 феврал гузаронида мешавад

Февраль 26, 2019 10:42

ДУШАНБЕ, 26.02.2019. /АМИТ «Ховар»/. Қуръакашии мавсими нави Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ 28 феврал гузаронида мешавад.  Тавре сомонаи расмии ФФТ хабар медиҳад, он дар толори меҳмонхонаи «Ҳаятт Реҷенси Душанбе», соати 13:30 баргузор мегардад.

Дар мавсими 28-уми футболи Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ мисли соли гузашта 8 даста иштирок мекунанд. Инҳо  «Истиқлол» (Душанбе), «Хуҷанд» (Хуҷанд), «Кӯктош» (Рӯдакӣ), «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода), «Хатлон» (Бохтар), КМВА «Помир» (Душанбе), «Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ) ва «Истаравшан» (Истаравшан)-ғолиби соли гузаштаи Лигаи якум мебошанд. Имсол ҳам Чемпионат дар се марҳила гузаронида мешавад ва дастаҳо 21 вохӯрӣ анҷом медиҳанд.

Тиқи низомнома, дастаи зинаи охири мусобиқа Лигаи олиро тарк мекунад. Дастаи соҳиби ҷои ҳафтум бо дастаи зинаи дуюми Лигаи якум барои дар Лигаи олӣ боқӣ мондан дар бозии гузариш ширкат меварзад.

Февраль 26, 2019 10:42

Хабарҳои дигари ин бахш

«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд