Футбол: вохӯрӣ барои Ҷоми олии Тоҷикистон -2019 рӯзи 29 март барпо мегардад
ДУШАНБЕ, 19.02.2019. /АМИТ «Ховар»/. 29 март дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе вохӯрӣ барои Ҷоми олии Тоҷикистон-2019 оид ба футбол барпо мегардад. Дар ин бора Кумитаи иҷроияи ФФТ қарор ба тасвиб расонид.
Бозӣ барои Ҷоми олии Тоҷикистон маротибаи 10-ум гузаронида шуда, дар он чемпиони соли гузашта ва барандаи Ҷоми Тоҷикистон-2018 –дастаи «Истиқлол»-и Душанбе ва соҳиби медалҳои нуқраи Чемпионати мамлакат-2018- дастаи «Хуҷанд»-и Хуҷанд бо ҳам мубориза мебаранд.
Мусобиқа барои Ҷоми олии Тоҷикистон аз соли 2010 инҷониб ба роҳ монда шудааст, ки ҳафт маротиба онро КФ «Истиқлол» (2010, 2011, 2012, 2014, 2015, 2016 ва 2018), як маротибагӣ дастаҳои «Равшан»-и Кӯлоб (2013) ва «Ҳосилот» -и Фархор (2017) ба даст овардаанд.
Ҷоми олии Тоҷикистон-2019
29 март (ҷумъа)
«Истиқлол» – «Хуҷанд»
Душанбе, Варзишгоҳи марказӣ
Натиҷаи бозиҳо барои Ҷоми олии Тоҷикистон (2010-2018):
2010 – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Истиқлол» (Душанбе) – 0:2
2011 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 1:0
2012 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:1
2013 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:1
2014 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Истиқлол» (Душанбе) – 0:5
2015 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хайр» (Ваҳдат) – 2:2. Аз зарбаҳои пеналти – 4:3
2016 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 3:2
2017 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Ҳосилот» (Фархор) –1:2
2018 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 3:2








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






