«ГАНҶИНАИ НАВРӮЗ». Таҳти ин унвон дар Душанбе барномаи театрикунонидашуда баргузор мегардад

Февраль 15, 2019 09:08

ДУШАНБЕ, 15.02.2019. /АМИТ «Ховар»/. 22 марти соли равон дар шаҳри Душанбе ба ифтихори ҷашни байналмилалии Наврӯз таҳти унвони «Ганҷинаи Наврӯз» барномаи театрикунонидашуда баргузор мегардад.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе  ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар ин хусус қарори Раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ ба тасвиб расид.

Ба иттилои манбаъ, мақсад аз баргузор намудани намоиши мазкур дар сатҳи баланди ташкилӣ, ғоявию бадеӣ баргузор намудани Иди байналмилалии Наврӯз — 2019 дар шаҳри Душанбе ва дар ин замина баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва ҳувияти миллии сокинони пойтахт мебошад.

«Дар рӯзҳои таҷлил намудани ин иди аҷдодии тоҷикон баргузории силсилабарномаҳои гуногун дар назар дошта шудааст. Аз ҷумла, дар ин рӯзҳо мусобиқаи футболи хурд, теннис, саёҳати хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи шаҳр ба мавзеъҳои фарҳангӣ-фароғатии пойтахт доир мегарданд», — хабар доданд аз дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе.

Зимнан, Иди байналмилалии Наврӯз дар қатори Сада ва Меҳргон аз ҷашнҳои бостонии аҷдодони тоҷикон мебошанд, ки пас аз соҳибистиқлолии мамлакат ба таври бошукӯҳ таҷлил мегарданд. Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд: «Наврӯз, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шарофати истиқлолияти давлатӣ бо тамоми ғановату рангорангии он эҳё гардид, ҳоло ба ҷашни милливу давлатии мо – тоҷикон ва рамзи худшиносиву ифтихори миллӣ, ваҳдату ҳамдилии мардум ва пайванди наслҳо табдил ёфтааст».

Бояд гуфт, тибқи қарори мазкур дар рӯзҳои ид баргузории тӯйи домодиву арӯсӣ ва хатнасур бо ҷалби соҳибкорон, инчунин намоиш ва фурӯши маснуоти ҳунарҳои мардумӣ, ярмаркаҳои маҳсулоти мавриди ниёзи мардум дар назар дошта шудааст.

Ба иттилои манбаъ, 22 март дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе барномаи театрикунонидашудаи «Ганҷинаи Наврӯз», 23 март мусобиқаи гӯштини миллӣ   ва   24 март   пойгаи аспдавонӣ  баргузор мегарданд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ин рӯзҳо сокинону меҳмонони пойтахтро ба сайругашти оммавӣ ва тамошои барномаҳои рангини фарҳангӣ, ки дар боғҳо доир карда мешаванд, даъват менамояд.

Февраль 15, 2019 09:08

Хабарҳои дигари ин бахш

РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар Душанбе метавонад чун маркази омӯзишӣ барои ҷавонон хизмат намояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад