Ходимони дини Тоҷикистон ба курсҳои омӯзишӣ ҷалб карда мешаванд

Февраль 15, 2019 09:12

ДУШАНБЕ, 15.02.2019 /АМИТ «Ховар»/. Барои ходимони дини  Тоҷикистон  курси кӯтоҳмуддати бозомӯзӣ оғоз гардид, ки як ҳафта идома меёбад. Дар ин бора котиби матбуоти Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Афшини Муқим ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Ба гуфтаи номбурда, дар марҳилаи аввали ин курсҳо 72 нафар ходимони дини шаҳри Душанбе ҷалб гардиданд.

«Дар курсҳои омӯзишӣ мутахассисони Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам ва Маркази исломии Тоҷикистон  доир ба мавзӯъҳои сиёсати давлатӣ дар соҳаи дин, ҳуқуқу озодиҳои динии шаҳрвандон, аҳамияти китоби «Фиқҳи акбар» ва «Васиятнома»-и Имоми Аъзам, таҳаммулпазирӣ ва ҳамзистии осоиштаи адён, танзими анъана ва ҷашну маросим ва дигар мавзӯъҳо маърӯза ва мубодилаи афкор менамоянд», — илова намуд мавсуф.

Бояд гуфт, ки дар даврони истиқлолияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳаёти ҷомеа дигаргуниҳои куллӣ ба вуҷуд омада, корҳои зиёде барои таъмини озодиҳои динии шаҳрвандон амалӣ гардиданд. Маҳз дар ин давра бо ташаббуси Пешвои миллат қонунҳо ва тадбирҳои гуногун доир ба рушди иҷтимоии ҷомеа, таъмини озодиҳои васеи динию мазҳабӣ қабул шуданд, ки сабаби ба маротиб баланд гардидани арзишҳои динӣ ва ахлоқӣ дар Тоҷикистон гардиданд.

Имрӯз дар баробари Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои вобаста ба муносибат оид ба ҳуқуқи инсон ба озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин, муносибатҳои байни давлат ва иттиҳодияҳои динӣ, инчунин вазъи ҳуқуқии иттиҳодияҳои динӣ дар заминаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» ба танзим дароварда шудаанд.  Қоидаи иҷро намудани маросимҳои алоҳидаи динӣ ва ҳуқуқи волидайн барои назорат аз болои гирифтани маълумоти динию мазҳабӣ тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»  муайян ва мушаххас гардидааст.

Ёдовар мешавем, ки курсҳои омӯзишии мазкур дар дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат низ доир карда мешаванд.

Февраль 15, 2019 09:12

Хабарҳои дигари ин бахш

АЗ ИСТИҚЛОЛ ТО РУШДИ УСТУВОР. Андешаҳо дар мавриди 35 соли пурифтихори Истиқлолияти давлатӣ
ҲИЗБЕ, КИ ДАР ДАВРАИ ИСТИҚЛОЛ БАРОИ ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ ТАЛОШ НАМУД. Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ: АЗ ИМТИҲОНИ ТАЪРИХ ТО УФУҚҲОИ РУШДИ МИЛЛӢ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар ин маврид
Истиқлолияти давлатӣ дар вилояти Суғд ба рушди куллии соҳаҳои ҳаётан муҳим заминаи устувор гузошт
Аҳолии Тоҷикистон то охири соли 2026 ба 11 миллион нафар мерасад
Кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои тобеи он бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Истиқлолияти давлатӣ барои рушди иқтисодию иҷтимоии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон имконоти нав фароҳам овард
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ҳамоиши бошукуҳ доир шуд
Дар ҷашни 35-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон дар Ҳисор муовини Сарвазири мамлакат ва меҳмонон аз Узбекистон иштирок намуданд
Бунафша Файзиддинзода: «Дар солҳои соҳибистиқлолӣ зани тоҷик ба неруи фаъоли рушди ҷомеа табдил ёфт»
Ҳамкории ноҳияи Ёвони Тоҷикистон бо ноҳияи Уздаи Беларус тақвият меёбад
Дар Хатлон хизматчиёни давлатӣ ва кормандони соҳаҳои гуногун бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шуданд