Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маъракаи ниҳолшинонӣ дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон
Дар маъракаи имрӯзаи ниҳолшинонӣ мутахассисонии соҳаи боғдории вилояти Хатлон, аҳли заҳмати хоҷагиҳои боғпарвари ноҳия, дар маҷмуъ ҳазор нафар иштирок карданд.
Мавриди зикр аст, ки соли 2018 дар ноҳияи Данғара бо дастгирӣ ва ҳидояти бевоситаи Сарвари давлат дар майдони 100 гектар боғи интенсивӣ бунёд карда шуд. Соли гузашта бо истифодаи самараноки замин ва руёнидани ҳосили дилхоҳ аз ноҳияи Данғара ба хориҷи кишвар 1000 тонна мева содирот гардид.
Имрӯз бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар майдони 100 гектар бо шинонидани 4 навъи себ боғи нави интенсивӣ бунёд карда шуд.
Сарвари давлат шахсан дарахти себ шинонида, мардуми ҷамъомадаро ба саҳмгузорӣ дар таъсиси боғ ҳидоят карданд.
Дар маъракаи имрӯза себҳои навъи “Фуджи атсек” — 28 ҳазору 500 ниҳол, “Модӣ” — 16 ҳазору 200, “Ҷералдинӣ” — 16 ҳазор ва Пингледӣ” — 3 ҳазор дар маҷмуъ 63 ҳазор ниҳол шинонида шуд.
Аз рӯйи маълумоти мутахассисони соҳаи боғдорӣ аз навъи тагпайванди себи Модӣ — “ММ -106” ҳосилнокӣ аз 1 гектар 50 тоннаро ташкил медиҳад.
Дар ҳамин ҷо Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба боғдорони ноҳия барои дуруст ба роҳ мондани парвариши ниҳолҳо ва истеҳсоли мевагиҳо маслиҳатҳои муфид доданд.
Ниҳоли дарахтони дар боғи нав шинонидашудаи себ асосан аз кишвари Краснодари Федератсияи Россия ворид карда шудаааст.
Хоҷагидорон аз тракторҳои парки муосири хизматрасонии техникии ноҳия ба таври самаранок истифода мебаранд. Дар маъракаи имрӯза низ аз техникаҳои махсус, ки кори боғдоронро дар кофтани чуқуриҳо ва шинонидани дарахтон осон менамояд, васеъ истифода гардид.
Баъди шинонидани дарахтони себ ва шиносоӣ бо вазъи соҳаи боғдорӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо мардуми ҷамъомада дар бораи тадбирҳои созандаи Ҳукумати ҷумҳурӣ, омодагӣ ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ — 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, риояи қонунҳои амалкунанда, рушди соҳаҳои боғдорӣ, занбуриасалпарварӣ, истифодаи самараноки заминҳои кишт, афзоиши содироти мева ба хориҷи кишвар, гирифтани даромади хуби иқтисодӣ, рушди деҳот, бунёди иншооти таъиноти гуногун, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, андешаронӣ карда, сокинонро ба вусъати корҳои созандагию ободонӣ ҳидоят намуданд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии тантанавии идона ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар варзишгоҳи шаҳри Кӯлоб иштирок намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар варзишгоҳи шаҳри Кӯлоб
Идомаи вуруди табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Зодрӯзи Пешвои миллат
Суҳбати телефонии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенко баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди маҷмааи нассоҷӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб санги асос гузоштанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаҳои роҳ ва пулҳои мошингард дар минтақаи Кӯлоб шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ 17 иншоотро дар ҳудуди шаҳри Кӯлоб ифтитоҳ намуданд






