Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе «Кӯдакистони байналмилалии инноватсионии Басбӣ»-ро ба истифода доданд

Декабрь 3, 2025 10:20

ДУШАНБЕ, 03.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 3 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Рустам Амакиеви ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии Кӯдакистони байналмилалии инноватсионии Басбиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иншооти навбунёди соҳаи маориф бо таваҷҷуҳу ғамхориҳои  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдому ташаббусҳои созандаи роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба истиқболи сазовор аз ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Рустам Саидов бо маблағи 20 миллион сомонӣ сохта шудааст.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур соли 2023 оғоз гардида, дар масоҳати 6700 метри мураббаъ бо сифати баланд бунёд шудааст.

Муассисаи тозабунёд аз ду бинои 4-ошёна ва таҳхона иборат аст ва дар он барои инкишофи зеҳнии кӯдакон ва бозиҳои гуногуни шавқовар шароити хуби таълим фароҳам оварда шуда, барои 600 кӯдак пешбинӣ гардидааст.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттиллоъ доданд, ки Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии инноватсионии Басбӣ бо мақсади татбиқи равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имконияти технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт дар доираи эълон гардидани Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия (2025-2030) дар Тоҷикистон рӯи кор омадааст.

Тиқи иттилои масъулин, дар ин муассисаи томактабӣ кӯдакони аз синни 2 то 6 сола қабул гардида, бо 4 вақт хӯроки гарм таъмин мегарданд.

Ҳуҷраҳои таълимии кӯдакистон бо лавозимоти зарурӣ ва ҳар гуна бозичаҳои шавқовари кӯдакона, таъмин буда, омӯзишу парасторӣ дар он бо 3 забон тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст.

Истифода аз робототехникаҳои роҳбалад, Луна ва дигар таҷҳизоти муосири замонавӣ, ки дар раванди таълим мавриди истифода қарор мегиранд, аз афзалиятҳои дигари ин муассисаи наву замонавӣ арзёбӣ мегардад.

Тибқи лоиҳа, дар ин муассиса барои 23 гурӯҳ шароити хуб, аз ҷумла ҳуҷраҳои таълимӣ бо хобгоҳ ва ҳаммом, толорҳои мусиқӣ, гимнастика, толор барои гузаронидани маҳфилу чорабиниҳо бо 120 ҷойи нишаст, ошхона, ҳуҷраи ҷомашӯӣ, майдончаи бозӣ ва ҳавзи оббозӣ, фароҳам оварда шуда, барои кӯдакони хуштолеи замони истиқлол туҳфаи арзишманд номида шуд.

Дар ҳар як гурӯҳ 20 кӯдак амал мекунад, ки ба онҳо омӯзгорони пуртаҷриба дарс медиҳанд.

Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани муассисаи нави таълимӣ 23 парастори дорои таҷриба ва донандаи хуби забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ, дигар кормандони педагогӣ ва маъмуриву техникӣ, дар умум 88 нафар ба кор ва бо маоши хуб ҷалб шудаанд.

Муассисаи наву замонавӣ ҳамчунин барои рафту омади бехатари кӯдакон бо нақлиёт таъмин аст.

Саҳни бинои Муассиса бо дарахтон ва гулу буттаҳои ороишиву ҳамешасабз ороста шуда, даромадгоҳи он пештоқи ҷолибу назаррабое дорад, ки бо завқу салиқаи баланд ороиш ёфтааст. Ҳамзамон дар саҳни бино айвончаи тобистона барои гузаронидани машғулиятҳо сохта шудааст.

Бояд тазаккур дод, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ бо дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои хушсаводу доно ба воя расонидани кӯдакон ва дар рӯҳияи ватанпарварӣ тарбия намудани онҳо шумораи муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ дар шаҳри Душанбе зиёд мешаванд.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, масъулону омӯзгоронро ба таълими босифати кӯдакон ва дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани насли наврас ҳидоят намуданд.

Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии кӯдакистони байналмилалии инноватсионии Басбӣ 03.12.2025

Декабрь 3, 2025 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқоти корӣ анҷом доданд
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд