Комроншоҳ Устопириён ва Сомон Маҳмадбеков дар раддабандии нави Федератсияи байналмилалии дзюдо
ДУШАНБЕ, 27.02.2019./АМИТ «Ховар»/. Паҳлавони тоҷик Сомон Маҳмадбеков дар мусобиқаи байналмилалии дзюдо – «Düsseldorf Grand Slam 2019» дар вазни -73кг ҷои панҷумро ишғол кард. Мусобиқа 22-24 феврал дар шаҳри Дюсселдорфи Ҷумҳурии Федеративии Германия баргузор гардид. Дар он 603 варзишгар (361 мард, 242 зан) аз 93 давлати дунё иштирок карданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи олимпии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар ин мусобиқаи бонуфуз 5 нафар — Беҳрӯз Хоҷазода, Сомон Маҳмадбеков (ҳар ду дар вазни -73кг), Акмал Муродов (-81кг), Комроншоҳ Устопириён (-90кг) ва Саидҷалол Саидов (-100кг) Тоҷикистонро намояндагӣ намуданд.
Миёни онҳо натиҷаи беҳтаринро Сомон Маҳмадбеков нишон дод. Ӯ дар қувваомоии вазни -73кг дар даври муқаддамотӣ бар варзишгарони Германия (Игор Вандтке), Муғулистон (Тсогбаатар Тсенд-Очир), Швейтсария (Нилс Стамп), Полша (Виктор Мровзински) ғалаба карда, дар нимфинал аз варзишгари Ҷопон (Шоҳей Оно), ки ғолиби ин вазн шуд ва дар рақобат барои ҷои сеюм аз варзишгари Гурҷистон Лаша Шавдатуашвилӣ мағлуб гардида, мавқеи панҷумро ишғол кард.
Беҳрӯз Хоҷазода низ дар вазни -73кг пас аз як пирӯзӣ бар намояндаи Украина Артём Хомула дар даври дуюм аз варзишгари Кореяи Ҷанубӣ Ҳенчиол Канг шикаст хурд. Акмал, Комроншоҳ ва Саидҷалол дар даври аввал аз рақибонашон мағлуб гардиданд.
Баъд аз натиҷагирии мусобиқа Сомон Маҳмадбеков 180 холи олимпӣ ба даст оварда, дар раддабандии олимпии Федератсияи байналмилалии дзюдо аз ҷои 39-ум ба ҷои 28-ум баромад. Сомон дар умум соҳиби 466 хол мебошад. Комроншоҳ ду зина поён, ба ҷои 23 фаромад. Беҳрӯз бо 406 хол дар ҷои 33, Акмал бо 174 хол дар ҷои 60, Саидҷалол бо 156 хол дар ҷои 65-ум қарор доранд.
Иштироки паҳлавонони мо дар мусобиқаи навбатӣ – Гран прии Марокаш, ки 8-10 март доир мегардад, дар назар аст.








Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид






