Кумитаи ҳолатҳои фавқулода: «Хавфи тармафароӣ зиёд аст. Аз сафар ба минтақаҳои осебпазири кӯҳӣ худдорӣ намоед!»

Февраль 15, 2019 12:10

ДУШАНБЕ, 15.01.2019 /АМИТ «Ховар»/. Тавре  қаблан хабар додем, дар натиҷаи боришоти шадиди барф дар роҳҳои мошингарди Душанбе–Рашт-Лахш, Хоруғ-Ишкошим, Хоруғ-Мурғоб, инчунин дар ағбаи Қизил-Арт ҳаракати воситаҳои нақлиёт  душвор гардидааст.

Имрӯз, 15 феврал, соати  05:40-и  субҳ дар қисмати роҳи мошингарди  Дарвоз-Ванҷ, дар наздикии деҳаи Курговади ноҳияи Дарвоз тармафароӣ ба қайд гирифта шуд. Айни замон роҳи Дарвоз-Ванҷ пурра тоза гардида, ҳаракати воситаҳои нақлиёт оғоз ёфтааст. Дар ин бора аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ҳамчунин дар қитъаҳои гуногуни роҳи мошингарди Хоруғ-Ишкошим фаромадани ҳафт тарма ба қайд гирифта шуд. Роҳи мазкур баста аст. Барои тоза намудани роҳҳо таҷҳизоти махсуси хадамоти роҳҳои Вазорати нақлиёти мамлакат  ҷалб гардида, корҳо идома доранд.

Дирӯз дар километрҳои  79, 80, 81 ва 82-уми роҳи мошингарди Душанбе-Айнӣ низ фаромадани тармаҳо ба қайд гирифта шуд. Барои бартарафсозии ҳолати рухдода техника ва таҷҳизоти ширкати “Innovative  Road Solutions” (IRS) истифода шуда, ин қисмати роҳ пурра аз барф тоза карда шуд.

Дар  километри 100 ва 120-уми роҳи мошингарди Айнӣ-Душанбе шумораи зиёди мошинҳои боркаш, ки ба шаҳри Душанбе ҳаракат мекарданд, танба шудаанд. Барои таъмини бехатарӣ воситаҳои нақлиёт дар мавзеъҳои бехавфи роҳ ҷой дода шудаанд. Аз ҳисоби Ҳукумати вилояти Суғд, ширкати “Innovative Road Solutions” (IRS) ронандагоне, ки дар роҳ мондаанд, бо хӯроки гарм таъмин карда шудаанд.

14 феврали соли 2019 наҷотдиҳандагони гурӯҳи фаврии Кумита дар минтақаи Зарафшон, воқеъ дар ноҳияи Айнӣ 19 адад мошинро аз километри 71 ва 72-юми  ноҳияи Варзоб  ба макони бехавф  интиқол доданд.

Бо мақсади таъмини бехатарии ронандагон ва мусофирон  роҳи мошингарди Варзоб-Айнӣ баста аст. Корҳои тозакунии боқимондаҳои тармаҳо  идома доранд.

Хотиррасон мекунем, ки дар натиҷаи гармшавии ҳарорати ҳаво хавфи эҳтимолияти фаромадани тармаҳо ва сангрезиш  афзоиш меёбад. Бинобар ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳрвандон ва меҳмонони ҷумҳурӣ хоҳиш менамояд, ки  аз сафар ба минтақаҳои осебпазири кӯҳӣ худдорӣ намоянд.

Февраль 15, 2019 12:10

Хабарҳои дигари ин бахш

IRS: Дар шоҳроҳи Душанбе — Чаноқ баландии барф то 15 сантиметр мерасад
Дар «Саноатсодиротбонк» ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
МегаФон Тоҷикистон U-17-ро дар чемпионати ҷаҳон – 2025 дар Қатар дастгирӣ намуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борон меборад
Дар ноҳияи Лахш бо усули «Деҳа ба деҳа» ва «Маҳалла ба маҳалла» суҳбату вохӯриҳо доир гардид
Бахшида ба 100-солагии Омӯзгори хизматнишондодаи Тоҷикистон Хосият Махсумова ҳамоиши илмӣ-маърифатӣ баргузор шуд
Муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳияи Шаҳринав барои давраи тирамоҳу зимистон омода карда шуданд
Имрӯз дар доманакӯҳои Тоҷикистон ҳаво то 20 дараҷа гарм мешавад
АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ ОГОҲ МЕНАМОЯД. Аз 2 то 5 ноябр дар Тоҷикистон борону барф пешгӯӣ мешавад
«LONELY PLANET»: Маконҳое, ки дар Тоҷикистон ҳатман бояд онҳоро тамошо кард
САРНАВИШТИ ЗАНИ САЗОВОР. Бахшида ба 100-солагии Омӯзгори хизматнишондодаи Тоҷикистон Хосият Махсумова китоб ба нашр расид