«Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон: масъалаҳои ташаккул ва рушд». Дар Донишкадаи идоракунии давлатӣ ҳамоиши илмию таҳқиқотӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 18.02.2019. /АМИТ «Ховар»/. «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон: масъалаҳои ташаккул ва рушд»-таҳти ин унвон дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки олимону ходимони давлатӣ ва коршиносони варзида ҳамоиши илмию таҳқиқотӣ баргузор гардид.
Дар ҳамоиш Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон Зариф Ализода, раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳкам Маҳмудзода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Холиқзода, директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъахон Давлатов, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гавҳар Шарофзода, директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Абдусалом Мирализода, профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Баҳриддин Камолиддинов, ҳайати устодон ва раёсати Донишкада иштирок намуданд.
Ректори Донишкада Абдухалил Ғафурзода ҳадаф аз ҳамоиши мазкурро дар анҷоми таҳқиқи комплексӣ оид ба масъалаҳои ташаккул ва рушди мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ намуд.
Зикр гардид, ки лоиҳаи илмӣ-таҳқиқотии «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон: масъалаҳои ташаккул ва рушд» аз ҷониби Донишкадаи идоракунии давлатӣ дар ҳамкорӣ бо Агентии хизмати давлатӣ тавсия шуда, дар он масъалаҳои умдатарини фаъолияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бунёди давлатдории навини тоҷикон мавриди омӯзишу таҳқиқ қарор мегирад.
Профессор Баҳриддин Камолиддинов иброз дошт, ки барои ҷавонони имрӯза донистани гузаштаи аҷдодон хеле муҳим аст. Зеро гузаштагони бонангу номуси мо дар ҳолатҳои вазнин волоияти забону фарҳангашонро пос медоштанд ва намегузоштанд, ки гавҳари ноби илму адаб ба дасти душманони миллат афтад. Омӯзиши ҳақиқати таърихӣ ҷавонони моро аз бегонапарастӣ, инкори хидматҳои қаҳрамонони миллат, беэътиборӣ ба равандҳои пешқадами ҷомеа бозмедорад ва дар тинати онҳо эҳтиром ва сипосмандиро нисбат ба ашхоси ватанхоҳу ватандӯст бедор месозад. Ба ибораи дигар, надонистани таърих инсонро аз аслаш дур месозад ва ӯ наметавонад ба ҷараёнҳои рӯзгор мунсифона баҳо диҳад. Зимни ҳамоиш мутахассисон пешниҳод намуданд, ки ҳар як самти фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бояд алоҳида мавриди таҳқиқу омӯзиш қарор гирифта, дар шакли китоб ба нашр расонда шавад.








Бахшида ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Риояи қонуни танзими ҷашну маросим омили сарфакорӣ ва таҳкими маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад
Дар ноҳияи Ёвон намоиши ҷойи нави кор баргузор гардид
Масъалаи рушди низоми таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар Тоҷикистон бо Роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо баррасӣ гардид
Ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ оид ба татбиқи лоиҳаи «Миллати солими Тоҷикистон» баргузор шуд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 47 бинои муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ таъмир гардид
ҶОИЗАИ БА НОМИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ. Барои олимони ҷавон дар соли 2026 озмун эълон гардид
Дар Тоҷикистон барои табобати омоси ҷигар усули нав амалӣ шуд
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон: «Ширкатҳои мобилӣ ҳеҷ гоҳ рамзи тасдиқро талаб намекунанд»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Некӣ кардан ба падару модар афзалтар аз намозу рӯза ва ҳаҷу умра мебошад»
«АРТИШИ МИЛЛӢ-НЕРУИ ПОЯНДАИ ДАВЛАТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Бохтар ҳамоиш доир гардид






