«Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон: масъалаҳои ташаккул ва рушд». Дар Донишкадаи идоракунии давлатӣ ҳамоиши илмию таҳқиқотӣ баргузор гардид

Февраль 18, 2019 13:49

ДУШАНБЕ, 18.02.2019. /АМИТ «Ховар»/. «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон: масъалаҳои ташаккул ва рушд»-таҳти ин унвон дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки олимону ходимони давлатӣ ва коршиносони варзида ҳамоиши илмию таҳқиқотӣ баргузор гардид.

Дар ҳамоиш Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон Зариф Ализода, раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳкам Маҳмудзода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Холиқзода, директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъахон Давлатов,  раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гавҳар Шарофзода, директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Абдусалом Мирализода,  профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Баҳриддин Камолиддинов, ҳайати устодон ва раёсати Донишкада иштирок намуданд.

Ректори Донишкада Абдухалил Ғафурзода ҳадаф аз ҳамоиши мазкурро дар анҷоми таҳқиқи комплексӣ оид ба масъалаҳои ташаккул ва рушди мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ намуд.

Зикр гардид, ки лоиҳаи илмӣ-таҳқиқотии «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон: масъалаҳои ташаккул ва рушд» аз ҷониби Донишкадаи идоракунии давлатӣ дар ҳамкорӣ бо Агентии хизмати давлатӣ тавсия шуда, дар он масъалаҳои умдатарини фаъолияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бунёди давлатдории навини тоҷикон мавриди омӯзишу таҳқиқ қарор мегирад.

Профессор Баҳриддин Камолиддинов иброз дошт, ки барои ҷавонони имрӯза донистани гузаштаи аҷдодон хеле муҳим аст. Зеро гузаштагони бонангу номуси мо дар ҳолатҳои вазнин волоияти забону фарҳангашонро пос медоштанд ва намегузоштанд, ки гавҳари ноби илму адаб ба дасти душманони миллат афтад. Омӯзиши ҳақиқати таърихӣ ҷавонони моро аз бегонапарастӣ, инкори хидматҳои қаҳрамонони миллат, беэътиборӣ ба равандҳои пешқадами ҷомеа бозмедорад ва дар тинати онҳо эҳтиром ва сипосмандиро нисбат ба ашхоси ватанхоҳу ватандӯст бедор месозад. Ба ибораи дигар, надонистани таърих инсонро аз аслаш дур месозад ва ӯ наметавонад ба ҷараёнҳои рӯзгор мунсифона баҳо диҳад. Зимни ҳамоиш мутахассисон пешниҳод намуданд, ки ҳар як самти фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бояд алоҳида мавриди таҳқиқу омӯзиш қарор гирифта, дар шакли китоб ба нашр расонда шавад.

Февраль 18, 2019 13:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешгирии бемориҳои сироятӣ масъулияти ҳар шаҳрванд аст
Дар Пекин масъалаҳои рушди қонунгузорӣ ва таҷрибаи муосири давлатдорӣ баррасӣ гардиданд
Дар Москва ҷаласаи 11-уми Алянси Авруосиёии омбудсменҳо баргузор гардид
Бахшида ба Рӯзи Президент дар вилояти Суғд роҳпаймоии идона баргузор шуд
Ҳамкории ҳуқуқии Тоҷикистону Чин дар Пекин баррасӣ гардид
Рӯзи Президентро дар ноҳияи Ёвон бо баргузории чорабиниҳои гуногун таҷлил намуданд
Ба муносибати Рӯзи Президент ва Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ дар бинои Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомад баргузор шуд
Дар мавзуи «Низоми идоракунии президентӣ ва таъмини амнияти давлатӣ» ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
Дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
СИЁСАТИ ХОРИҶИИ ТОҶИКИСТОН – НАМУНАИ ДИПЛОМАТИЯИ МУТАВОЗИНУ СОЗАНДА. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар Душанбе таҳти унвони «Президент — симои миллат ва рамзи давлат» ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ ВА ТАҶАССУМИ ИРОДАИ ТАЪРИХИИ МИЛЛАТ ДАР БУНЁДИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИН. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ