Маркази миллии тестӣ барои омода намудани кормандони муваққатии нуқтаҳои бақайдгирӣ давраҳои омӯзишӣ оғоз намуд

Февраль 5, 2019 15:20

ДУШАНБЕ, 05.02.2019. /АМИТ «Ховар»/. 1  марти соли 2019 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бақайдгирии довталабон оғоз меёбад. Дар робита ба ин Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кормандони нуқтаҳои бақайдгирӣ семинарҳои омӯзишӣ оғоз намуд. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз маркази мазкур хабар доданд.

Бино ба иттилои манбаъ, Маркази миллии тестӣ бо мақсади омӯзиш ва интихоби роҳбарон, ёварони роҳбарон, бақайдгирандагони нуқтаҳои бақайдгирӣ ва дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани раванди бақайдгирии довталабон барои иштирок дар Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2019 барои кормандони нуқтаҳои бақайдгирӣ аз 4 феврали соли равон семинарҳои омӯзишӣ оғоз намуд.

Зикр гардид, ки мувофиқи нақша дар низоми Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2019 дар 31 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ 36 нуқтаи доимии бақайдгирӣ бо теъдоди 140 истгоҳи корӣ ва дар 26 шаҳру ноҳияи дигар нуқтаҳои сайёри бақайдгирӣ таъсис дода мешаванд. Тибқи эълон тариқи электронӣ 350 нафар хоҳишманд бо мақсади иштирок дар озмун барои интихоби кормандони муваққатии нуқтаҳои бақайдгирӣ ариза (бо ҳуҷҷатҳои дигар) пешниҳод намудаанд. Аз ин шумора, мувофиқи таҳлилу баррасии ҳуҷҷатҳои пешниҳодкарда, 347 нафар шахси аризадода ба семинарҳои омӯзишӣ ҷалб карда мешаванд.

Барои баргузории семинарҳои омӯзишӣ дар шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб, Хоруғ, Панҷакент, Рашт ва Данғара аз ҷумлаи кормандони марказ гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шудаанд. Тибқи барнома, семинарҳои омӯзишӣ барои 14 гурӯҳ дар шаҳрҳои мазкур то 16 феврал давом меёбанд.

Дар асоси озмун шахсони ба талабот ҷавобгӯй ва дорои донишу маҳорати бештар барои кор дар нуқтаҳои бақайдгирӣ интихоб карда мешаванд.

Февраль 5, 2019 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Форуми ҷавонони Созмони ҳамкории Шанхай дар Душанбе баргузор мегардад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон хокбориш ба амал меояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво 16 дараҷа гарм мешавад
Масъулини Сафорати Тоҷикистон дар Русия бо фаъолони ҷамъиятӣ ва донишҷӯёни тоҷики муассисаҳои таҳсилоти олии шаҳри Қазон мулоқот намуданд
Федератсияи футболи Тоҷикистон дараҷаи тиллоии Хартияи футболи оммавии Конфедератсияи футболи Осиёро ба даст овард
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«МегаФон Life»: Навсозиҳо ҳаётро сабуктар менамоянд
Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Тоҷикистон IRS 17 400 тонна маводи зиддилағзиш захира намудааст
Доир ба нақши маориф дар тарбияи насли ваҳдатсоз вохӯрӣ доир гардид
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад