Муассисаҳои иммунопрофилактикии Бадахшон бо нақлиёти хизматӣ таъмин шуданд
ДУШАНБЕ 18.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Як зумра муассисаҳои иммунопрофилактикии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо нақлиёти хизматӣ таъмин шуданд. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Бино ба иттилои манбаъ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ, таъмин намудани муассисаҳои тандурустӣ бо кадрҳои баландихтисос ва пурзӯр намудани заминаи моддию техникии муассисаҳои тандурустии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад.
Дар робита ба ин ба Муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика 3 адад, ба филиали Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика дар ВМКБ (шаҳри Хоруғ) 1 адад, марказҳои иммунопрофилактикии ноҳияҳои Мурғоб, Дарвоз, Шуғнон, Роштқалъа, Рӯшон ва Ванҷ 1-ададӣ, дар маҷмӯъ 10 адад нақлиёти тамғаи «ВАЗ 21214» тақдим карда шуданд.
Инчунин марказҳои ҷумҳуриявии иммунопрофилактика дар шаҳри Душанбе, минтақаҳои Бохтар, Кӯлоб ва Бадахшон бо 1-ададӣ, ҳамагӣ бо 7 адад нақлиёти хизматии тамғаи «Газел NEX A21P22-1070» (Рефрижиратор) таъмин гардиданд.
Бояд зикр намуд, ки зимни маросими супоридани нақлиёт ба муассисаҳои давлатии иммунопрофилактикии шаҳру ноҳияҳо, муовини якуми Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саида Умарзода зикр кард, ки «афзалияти калидии сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи солимии аҳолӣ мебошад. Мубориза ва пешгирии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла сироятҳои ба воситаи иммунизатсия идорашаванда яке аз самтҳои асосии фаъолияти соҳаи тандурустӣ ба ҳисоб меравад. Дар баробари ин, пешгирии бемориҳои сироятӣ бо истифода аз ваксинаҳо хеле самаранок ва нисбатан арзон буда, бо ин роҳ сатҳи бемориҳои сироятӣ тавассути иммунизатсия мунтазам паст карда мешавад».
Ҳамчунин С. Умарзода иброз дошт, ки бо дарназардошти мавқеи ҷуғрофии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки яке аз минтақаҳои душворгузари ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад ва дар чунин шароит дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии тиббӣ, аз ҷумла иммунизатсияи кӯдакон, алалхусус дар нуқтаҳои аҳолинишини душворгузар маҳдуд аст, бештари нақлиёт ба марказҳои иммунопрофилактикии ноҳияҳои Бадахшон ҷудо карда шуд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






