Мутахассисони соҳаи тибби Тотористон ба Тоҷикистон меоянд
ДУШАНБЕ 18.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 18 феврал мутахассисони Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии кӯдаконаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тотористон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон меоянд. Мақсади сафари гурӯҳи табибон ба роҳ мондани ҳамкорӣ ва табодули таҷрибаи ҳамдигар дар соҳаи тандурустӣ мебошад. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Бино ба иттилои Вазорати мазкур, ба ин ҳайат ҷарроҳони дил ва асаби кӯдакон, офталмологҳо ва урологҳо шомиланд.
Дар назар аст, ки мутахассисони Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии кӯдаконаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тотористон ба шаҳри Хуҷанд сафар намуда, бо ҳамкасбони хеш мулоқот анҷом диҳанд.
Сафари ҳайати мазкур то 21 феврали соли равон идома меёбад.
Ёдовар мешавем, ки соли гузашта низ аз чандин давлатҳо табибон ба Тоҷикистон омада, шаҳрвандони моро ройгон табобат карданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 12 дараҷа гарм мешавад
МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд






