НИШАСТИ МАТБУОТӢ: Маркази исломшиносии Тоҷикистон бо Маркази муколамаи адёни Қатар ҳамкорӣ ба роҳ мондааст

Февраль 15, 2019 13:50

ДУШАНБЕ,15.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Соли сипаригардида Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Маркази мукола­маи адёни Давлати Қатар Ёддошти тафоҳум ба имзо расонид. Матлаби мазкурро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзулло Баротзода баён дошт.

Ф.Баротзода зикр кард, ки ҳамчунин   лоиҳаи Ёддошти тафоҳум бо Маркази иттилоот ва омӯзиш­ҳои русӣ-арабии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ  ҷиҳати баррасӣ ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ар-Риёз ирсол карда шуд.

Марказ бо Институти «Инъикоси сулҳ ва ҷанг» (IWPR) Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида, коршиносони он дар самти баланд бардоштани сатҳи касбии рӯзноманигорон ва ходимони дин дар Тоҷикистон тренингҳо баргузор намуданд.

Зикр гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ кормандони Марказ 176 китобу  маҷмӯа ва брошураҳо, 1119 саҳифа варақаи таблиғотӣ, сабти 136 адад фитта, 1 планшет, 7 телефони мобилӣ, 11 адад хоти­раи беруна (флешка), 3 адад диски сахти пешниҳод­шударо мавриди ташхис қарор дода, хулосаҳои коршиносии худро пешниҳод намуданд.

Ёдовар мешавем, ки яке аз вазифаҳои асосии Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмини асосҳои илмии сиёсати давлатии муносибат ба дин ва озодии виҷдон мебошад.

Февраль 15, 2019 13:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад
Моҳи ноябр дар Тоҷикистон бориши борон ва ба амал омадани чангу ғубор дар назар аст
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор 2277 тонна ангишт захира гардидааст
Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон таҳти унвони «Тамаддуни ориёӣ» озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Рустами Эмомалӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»-ро ҷонибдорӣ намуданд
Дар нуҳ моҳи соли равон 86 муассисаи КАТС ба истифода дода шуд
Байни Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Ассосиатсияи Умумичинии журналистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Панҷакент Форуми ҷумҳуриявӣ ва даври ҷамъбастии озмуни «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» доир шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Тарбуз, харбуза ва каду дар таркиби худ витамини C ва А бештар доранд
Масъалаи дастрасии аҳолии минтақаҳои дурдаст ба кумаки аввалияи тиббию санитарӣ баррасӣ шуд