ОБУ ҲАВО: имрӯз дар қаламрави Тоҷикистон барф меборад
ДУШАНБЕ, 14.02.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои абрнок шуда, борон ва барф меборад. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо боридани барфи кӯтоҳмуддат дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 4-9 дараҷа сард шуда, рӯзона ҳаво аз 2 дараҷа сард то 3 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 16-21 ва рӯзона 2-7 дараҷа сард мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои абрнок шуда, дар водиҳо борон ва барфи тар меборад. Дар баъзе минтақаҳои кӯҳӣ барф борида, туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 0-5 ва рӯзона 2-7 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 2-7 дараҷа сард шуда, рӯзона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои абрнок шуда, боридани борон ва барф дар назар аст. Дар минтақаҳои кӯҳӣ барфи шиддатнок борида, туман мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 3-8 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 0-5 дараҷа сард шуда, рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок шуда, барф меборад. Дар баъзе минтақаҳои кӯҳӣ боришот шиддат ёфта, туман мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона аз дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 1-6 дараҷа гарм мешавад. Ҳаво дар кӯҳҳо шабона 2-7 дараҷа сард шуда, рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрнок шуда, боридани барф дар назар аст. Шамол аз самти ғарб 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона аз 1 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзона 2-4 дараҷа гарм мешавад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст






