ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок шуда, борон ва барф меборад

Февраль 18, 2019 08:14

ДУШАНБЕ, 18.02.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои абрнок шуда, боридани борон ва барф  дар назар аст. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок шуда, боридани барф дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 3-8 дараҷа сард шуда, рӯзона  ҳаво аз  1 дараҷа сард то 4 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво  шабона  15-20  ва  рӯзона 3-8  дараҷа сард мешавад.

Дар вилояти Суғд   ҳавои абрнок шуда, борон ва барф меборад. Шамол аз самти ғарб  4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона  1-6  ва рӯзона 2-7 дараҷа гарм  мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 4-9 дараҷа сард  шуда,  рӯзона  аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  низ  ҳавои абрнок шуда, боридани борон ва барф дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 2-7 ва рӯзона 10-15  дараҷа гарм мешавад.  Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм шуда,    рӯзона аз  1  дараҷа  хунук то 4 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок шуда, борон ва барф меборад.   Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5  ва    рӯзона 1-6  дараҷа гарм мешавад. Ҳаво дар  кӯҳҳо  шабона 1-6 дараҷа сард шуда,  рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3  дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои  абрнок шуда, боридани борон ва барф   дар назар аст. Шамол аз самти ғарб 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 0-2 ва рӯзона 1 — 3 дараҷа гарм мешавад.

Февраль 18, 2019 08:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд