ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш мешавад

Февраль 23, 2019 08:58

ДУШАНБЕ, 23.02.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи  бебориш дар назар аст. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 10-15   ва рӯзона 1-6 дараҷа сард  мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво  шабона  аз 23-28 то 33 ва рӯзона 7-12  дараҷа сард мешавад.

Дар вилояти Суғд   ҳавои тағйирёбандаи бебориш шуда, туман мефарояд.  Шамол аз самти шарқ   4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона аз 1 дараҷа сард то 4 дараҷа гарм шуда, рӯзона 8-13 дараҷа гарм  мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 10-15 дараҷа сард шуда,  рӯзона  аз 2 дараҷа сард  то 3 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои тағйирёбандаи  бебориш мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм  ва рӯзона 12-17  дараҷа гарм мешавад.  Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 3-8 дараҷа сард ва  рӯзона 5-10 дараҷа гарм  мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда шуда,  туман мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм шуда,  рӯзона 10-15 дараҷа гарм мешавад. Ҳаво дар  кӯҳҳо  шабона аз 7-12 то 14-16 дараҷа сард шуда,  рӯзона 0-5 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои  бебориш дар назар аст.  Шамол аз самти шарқ  2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 1-3  дараҷа сард ва рӯзона 13-15 дараҷа гарм мешавад.

Февраль 23, 2019 08:58

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад