ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, дар баъзе ҷойҳо туман мефарояд

Февраль 6, 2019 08:21

ДУШАНБЕ, 06.02.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда  дар назар аст. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш  дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 9-14 ва  рӯзона 3-8 дараҷа сард мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво  шабона  18-23 ва рӯзона 8-13  дараҷа сард мегардад.

Дар вилояти Суғд   ҳавои абрнок шуда, дар водиҳо  боридани борон ва барфи кӯтоҳмуддат дар назар аст.  Дар доманакӯҳҳо рӯзона ҳавои бебориш шуда, туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат  дар водиҳо шабона ба -2+3 дараҷа расида, рӯзона 0-5 дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 5-10  ва рӯзона 0-5  дараҷа сард мешавад.

Дар вилояти Хатлон   ҳавои абрноки бебориш дар назар буда, туман мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона -2+3 ва рӯзона 2-7 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо шабона ҳаво 2-7 дараҷа сард шуда, ҳарорат   рӯзона ба -3+2 дараҷа мерасад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок шуда, туман мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона -4+1 ва рӯзона 0-5 дараҷа гарм мешавад. Дар кӯҳҳо ҳаво шабона 0-5 ва рӯзона 2-7 дараҷа  сард мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрнок шуда, боридани барфи кӯтоҳмуддат дар назар аст.  Ҳаво шабона 0-2 дараҷа сард шуда, рӯзона 1-3 дараҷа гарм мешавад.

Аз шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, ки аз сафари бемаврид ба ноҳияҳои дурдаст  худдорӣ намоянд.

Февраль 6, 2019 08:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад