Ҷоми ФФТ: даври аввали бозиҳои ниҳоӣ хотима ёфт

Февраль 26, 2019 10:00

ДУШАНБЕ, 26.02.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор даври аввали бозиҳои финалии Ҷоми ФФТ хотима ёфт. Мусобиқа дар ду гурӯҳ бо ширкати беҳтарин дастаҳои ҷумҳурӣ то 5 март идома меёбад.

Дар бозии нахустини  даври аввали гурӯҳи «А» дастаи «Регар-ТадАЗ» дар баробари дастаи «Душанбе -83» ба майдон омада, натиҷаи мусовии 2:2 ба даст овард. Шогирдони Муҳаммадҷон Ҳабибуллоев, ки зимни вохӯрӣ бо ҳисоби 2:0 дар сафи пеш буданд, ғолибиятро аз даст доданд.

Дар бозии дуюми ин гурӯҳ дастаи нави Лигаи олӣ- «Истаравшан» бар «Арал»-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ  бо ҳисоби 8:0 зафар ёфт.

Дар гурӯҳи «Б» чемпиони Тоҷикистон ва барандаи Ҷоми ФФТ дар соли гузашта-дастаи «Истиқлол»-и Душанбе «Ҳулбук»-и ноҳияи Восеъро бо нишондоди 5:3 шикаст дод. Дар ин баробар дастаи «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ ҳам бар «Гулистон»-и вилояти Суғд бо ҳисоби 3:1 пирӯзӣ ба даст овард.

Имрӯз дар идомаи бозиҳо дастаи «Истаравшан» бо «Душанбе-83» ва «Регар-ТадАЗ» бо «Арал» вориди майдон мешаванд.

Ҷоми ФФТ

Даври аввал. Гурӯҳи «А»

 «Душанбе-83» – «Регар-ТадАЗ» – 2:2

Голҳо: Алтари Шелдори, 39 (0:1). Ҳасан Рустамов, 54 (0:2). Дилшод Расулов, 63 (1:2). Абдул Салам, 88 (2:2).

«Арал» – «Истаравшан» – 0:8

Голҳо: Илҳом Баротов, 15 (0:1). Сантос де Силва Вендер, 24 (0:2). Зиёвуддин Фузайлов, 32 (0:3). Зиёвуддин Фузайлов, 58 (0:4). Бахтовар Зокиров, 72 (0:5). Илҳом Баротов, 80 (0:6). Илҳом Баротов, 83 (0:7). Тулкин Умаров, 87 (0:8).

Гурӯҳи «Б»

«Истикқлол» – «Ҳулбук» – 5:3

Голҳо: Аваз Қамчинов, 13 (0:1). Шериддин Бобоев, 23 (1:1). Шериддин Бобоев, 29 (2:1). Аҳтам Назаров, 37 (3:1). Алишер Ҷалилов, 44 (4:1). Шериддин Бобоев, 53 (5:1). Довуд Шомадов, 68 (5:2). Раҷаб Холмирзоев, 83 (5:3).

«Гулистон» – «Кӯктош» – 1:3

Голҳо: Муҳиддин Одилов, 8 (0:1). Ислом Усманов, 38 –аз  пеналти (1:1). Меҳроҷиддин Музаффаров, 58 (1:2). Нодирбек Иброҳимов, 90+3 (1:3).

Даври 2.

Гурӯҳи «А»

26 феврал (сешанбе)

11:00 – «Душанбе-83» – «Истаравшан»

14:00 – «Арал» – «Регар-ТадАЗ»

Гурӯҳи  «Б»

27 феврал (чоршанбе)

11:00 – «Гулистон» – «Ҳулбук»

14:00 – «Истиқлол» – «Кӯктош»

Даври 3

Гурӯҳи  «А»

28 феврал (панҷшанбе)

11:00 – «Душанбе-83» – «Арал»

14:00 – «Истаравшан» – «Регар-ТадАЗ»

Гурӯҳи  «Б»

1 март (ҷумъа)

11:00 – «Ҳулбук» – «Кӯктош»

14:00 – «Гулистон» – «Истиқлол»

Февраль 26, 2019 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид