Ширкати «IRS»: роҳи мошингарди «Душанбе-Чаноқ» муваққатан баста шуд

Февраль 5, 2019 09:28

ДУШАНБЕ, 05.02.2019./АМИТ «Ховар»/. Бинобар шадид ва беист будани бориши барф ва ниҳоят зиёд будани хавфи тармафароӣ дар асоси муқаррароти фармоиши якҷояи вазоратҳои корҳои дохилӣ ва нақлиёти мамлакат ҳаракати ҳама намуди воситаҳои нақлиёт аз километри 47 — уми роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ ба самти Хуҷанд ва аз километри 81- ум ҷониби Душанбе муваққатан боздошта шуд. Дар ин бора ба хабарнигори  АМИТ «Ховар» сардори Маркази матбуоти филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Далери Абдулло хабар дод.

Бино ба иттилои манбаъ, дирӯз кормандони ширкат 10 тармаи хурду бузургро бартараф намуданд. Аз оғози мавсими сармо теъдоди тармаҳои бартарафшуда зиёда аз 80 ададро ташкил медиҳад.

Ҳамчунин сардори Маркази матбуоти ширкати мазкур изҳор дошт, ки «кормандони ширкат шабонарӯз заҳмат мекашанд, то рафтуомади бемонеа ва муназзами шаҳрвандон тавассути роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ таъмин бошад. Вале дар сурати ҷиддӣ ва беист будани хавфи тармафароӣ ба ҳаракати мошинҳо иҷозат дода намешавад, зеро ҳифзи ҳаёти онҳо аз ҳама чиз авлотар аст. Дар робита ба ин аз шаҳрвандон хоҳишмандем, ки дар чунин вазъи ҳаво бе зарурат ба роҳ набароянд. Мо кӯшиш ба харҷ медиҳем, то дар наздиктарин фурсат монеаҳоро бартараф ва ҳаракати воситаҳои нақлиёт таъмин бошанд».

Ёдовар мешавем, ки қаблан Агентии обуҳавосанҷӣ ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳушдор дода буданд, ки моҳи феврали соли равон дар муқоиса ба соли гузашта нисбатан сербориш мешавад.

Февраль 5, 2019 09:28

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШОНИ ҶАВОНМАРДӢ. Дар ҳошияи асари сиёсатшинос, сиёсатмадор, олим ва адиби нуктасанҷ Саймумин Ятимов
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба татбиқи технологияҳои рақамӣ дар низоми логистикӣ машварат доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии ҳарбӣ- варзишии «Ватанпарвар» доир гардид
«Одамон. Идеяҳо. Ҳаракат». Дар Душанбе нахустин форуми таҷрибаҳои идоракунӣ баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ТАЪСИРИ ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ БА РУҲИЯИ КӮДАКОН. Ва ё «оҳанро дар гармияш бояд кӯфт»
Соли 2025 шаҳрвандон ва соҳибкорон беш аз 6 миллион амалиёти ғайринақдиро анҷом доданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Чӣ тавр аз лӯбиё таом ва ё хӯриш омода намоем?
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ФУТБОЛ. Дастаҳои асосӣ ва ҷавонони «Вахш» бо медалҳои нуқра ва биринҷӣ мукофотонида шуданд