Ширкати Tcell сарпарасти асосии Лигаи футболи Тоҷикистон гардид
ДУШАНБЕ, 22.02.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Федератсияи футболи Тоҷикистон ва ширкати мобилии кишвар-Tcell созишномаи ҳамшарикиро барои рушди футболи Тоҷикистон ба имзо расониданд. Директори генералии ширкати Tcell Озодхон Давлатшоев ва ноиби президенти ФФТ Алишер Урунов дар ҳузури ВАО ба ин санад имзо гузоштанд.
Ба ҳамин тартиб, ширкати Tcell сарпарасти асосии Лигаи футболи Тоҷикистон дар соли 2019 гардид. Аз ин пештар ширкати мазкур лоиҳаҳои гуногунро ҷиҳати ривоҷу равнақи футбол дар ҷумҳурӣ сарпарастӣ кардааст.
Дар нишасти хабарӣ Директори генералии ширкати Tcell Озодхон Давлатшоев арз кард, ки «аз ҳамкории стратегӣ ба Федератсияи футболи Тоҷикистон ифтихор мекунем ва итминони комил дорем, ки дар якҷоягӣ футболи тоҷикро рушд дода, онро ба дараҷаи зарурӣ мерасонем».
Ноиби президенти ФФТ Алишер Урунов барои ин иқдом ба ширкати Tcell изҳои минатдорӣ карда, ёдрас шуд, ки соли гузашта бо дастгирии ширкати Tcell мусобиқаҳои гуногуни сатҳи ҷумҳуриявӣ байни кӯдакону наврасон гузаронида шуданд. Акнун баробари сарпарасти Лигаи миллии футбол шудани ширкати Tcell корҳо боз ҳам равоҷу равнақ хоҳанд гирифт.








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






