Шурӯъ аз имрӯз дар хатсайри №4 автобусҳои тамғаи «Акиа» ба сокинони Душанбе хизмат мерасонанд
ДУШАНБЕ, 11.02.2019. /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони пойтахт мерасонад, ки шурӯъ аз имрӯз, 11 феврал дар хатсайри №4 (маҳаллаи Чиноро-маҳаллаи Пролетар) фаъолияти микроавтобусҳо манъ карда шуда, хизматрасонӣ тариқи автобусҳои тамғаи АКИА ба роҳ монда мешавад.
Дар ин бора аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, ин иқдом бо мақсади кам кардани шиддати ҳаракат, танбашавии воситаҳои нақлиёт дар кӯчаю хиёбонҳои марказии шаҳр ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба мусофирон роҳандозӣ гардидааст.
Мавриди зикр аст, ки автобусҳои тамғаи AKIA дорои 26 ҷойи нишаст буда, таҷҳизоти гармидеҳу сардкунанда ва низоми идораи электронии он аз дигар автобусҳо бартарӣ доранд.
Дар қисми болои дохили автобус мониторҳои калонҳаҷм насб шудаанд, ки барои пахши роликҳои таблиғотӣ ва маълумотдиҳӣ истифода мешаванд. Тугмачаи назди дари мобайн бо аломати маъюбон ба шахсони дорои имкониятҳои маҳдуди ҷисмонӣ имкон медиҳад, ки аз наздик шудани худ ба дар ронандаро огоҳ кунанд.
Зимнан, 31 январи соли равон муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Зувайдзода зимни нишасти матбуотӣ ба хабарногорон иттилоъ дода буд, ки «бо мақсади навсозии парки нақлиёти мусофирбарии пойтахт ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ давоми ду сол 268 автобуси замонавӣ харидорӣ ва мавриди истифодаи сокинони шаҳр қарор дода шуданд».
Ёдовар мешавем, ки миёни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Ширкати «AKIA»-и Туркия барои харидории автобусҳо бо дарназардошти бандубасти он дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон шартнома ба имзо расида буд. Дар асоси ин шартнома марҳила ба марҳила ба пойтахти мамлакат –шаҳри Душанбе автобусҳои ширкати мазкур ворид гардиданд, ки алҳол онҳо дар хизмати сокинону меҳмонони шаҳр қарор доранд.
«Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз сокинон ва меҳмонони пойтахт хоҳиш менамояд, ки аз аз хизматрасонии хатсайри автобусии №4 (Терминали Шарқ-Транс — ҶДММ «Маром») истифода баранд», — илова намуд манбаъ.








Соли 2025 зиёда аз 1 миллион сайёҳон ба шаҳри Душанбе ворид гардидаанд
Дар Душанбе омодагӣ ба Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ – 2026» баррасӣ гардид
Рустами Эмомалӣ даъват намуданд, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои мошингард риоя карда шаванд
Душанбе пойтахти фарҳангии Осиё дар соли 2026 эълон гардид
ТАНЗИМ-БАРАКАТИ ЗИНДАГӢ. Дар ноҳияи Синои пойтахт 34 ҳолати вайронкунии қонун ошкор карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар нуҳ соли охир дар Душанбе беш аз 1287 иншоот сохта, ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе 190 ҳолати қонуншиканӣ дар соҳаи шаҳрсозӣ ва замин ошкор гардид
«ДУШАНБЕ — ШАҲРИ САБЗ». Дар ноҳияи Синои пойтахт зиёда аз 175 ҳазор бех дарахтон шинонида шуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба зиёда аз 1 миллиард сомонӣ расид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Нақшаи чорабиниҳои 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ 77 фоиз иҷро шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар самти бунёди муассисаҳои томактабӣ дар ноҳияи Шоҳмансур чӣ тадбирҳо андешида мешаванд?
Ҷадвали «Тақвими чорабиниҳои Иди байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе барои соли 2026» ба тасвиб расид






