Сокинони Ҳисор бояд Рақами ягонаи мушаххаси андозсупорандаро сари вақт гирифта тавонанд-бардошт аз нишасти матбуотӣ
ҲИСОР, 12.02.2019 /АМИТ «Ховар»/. Корхонаҳои саноатии шаҳри Ҳисор бо назардошти буҳрони молиявии ҷаҳонӣ соли 2018 ба маблағи 213,8 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол ва коркард кардаанд, ки ин рақам нисбат ба соли 2017 44,2 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Ҷиҳати афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар ин давра дар шаҳри Ҳисор корхонаи васлу насби трактор-ҶСП «Агротехсервис», коргоҳи истеҳсоли коғази ташноб, корхонаи оби нӯшокӣ- ҶДММ «БФ Тиҷорат», корхонаи коркарди нахи пахта- ҶДММ «Тиллои сафеди Ҳисор», корхонаи истеҳсоли бомпӯш, қубури асбестӣ (сангпахтагӣ) дар назди ҶДММ «Истеҳсоли труба ва профили тоҷик» ва фабрикаи мурғпарварӣ ба истифода дода шуданд. Имрӯзҳо дар ин корхонаҳо беш аз 117 нафар шаҳрвандони маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин мебошанд,- зикр гардид дар нишасти матбуотии шаҳр.
Ба суоли хабарнигори АМИТ «Ховар» оид ба мушкилоти гирифтани Рақами ягонаи мушаххаси андозсупоранда аз Нозироти андози шаҳри Ҳисор намояндаи Нозироти мазкур ҷавоб дод, ки «бо сабаби он ки моҳи январи имсол дар ҷумҳурӣ барномаҳои компютерӣ ба тартиби нав гузаштанд, муддати як моҳ онҳо фаъол набуданд. Аз ҳамин сабаб ин мушкилӣ ба вуҷуд омад. Дар айни замон он бартараф гардидааст».
Дар асоси қонунгузории ҷумҳурӣ имрӯзҳо гирифтани Рақами ягонаи мушаххас барои шаҳрвандони ҷумҳурӣ ҳатмӣ ва ройгон мебошад. Аз ин рӯ, қисми зиёди шаҳрвандон дар вақти гирифтани ин ҳуҷҷат ё дигар асноди зарурӣ ба мутахассисони Нозироти андоз муроҷиат менамоянд, вале аз сабаби хунукназарии онҳо ва зиёд будани шумораи муроҷиаткунандагон баъзе шаҳрвандон ҳафтаҳо ба мушкилии гирифтани ин ҳуҷҷат гирифторанд.
Қисми зиёди ҷавонону сокинони ҷамоатҳои деҳоти дурдасти шаҳр аз он шикоят карданд, ки барои гирифтани Рақами ягонаи мушаххаси андозсупоранда ҳафтаҳо рафту омад ва барои роҳкиро садҳо сомонӣ сарф менамоянд. Аз ин хотир роҳбарияти Нозироти андози шаҳри Ҳисорро зарур аст, ки дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ қарор дода, ба аҳолӣ дар сатҳи баланд хизмат расонанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«АСРИ ЗАРРИН»-И ТАЪРИХИ ТОҶИКОН. Замони давлатдории Сомониёнро муҳаққиқони илми таърих чунин ном гузоштаанд
Зуд, мувофиқ, осон: чат-боти «Доно» ба муштариён чӣ тавр кумак мерасонад
Дар Панҷакент филиали Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
СОЛИ ОБОДКОРИЮ СОЗАНДАГӢ. Мактаб-интернати ятимон ва бепарасторони ноҳияи Муъминобод таъмир карда мешавад
Дар шаҳри Бӯстон барои баланд бардоштани сифати таҳсил ҳамоиш баргузор гардид






