Соли 2019 дар ноҳияҳои Данғара, Темурмалик ва Балҷувон устохонаҳои таъмирӣ мавриди истифода қарор мегиранд
ДУШАНБЕ, 20.02.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар назар аст, ки соли 2019 дар заминаи марказҳои хизматрасонии техникии амалкунандаи ноҳияҳои Данғара, Темурмалик ва Балҷувон устохонаҳои таъмирӣ сохта шуда, бо дастгоҳҳо пурра мукаммалу муҷаҳҳаз гардонда шаванд. Дар ин бора директори Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии «Тоҷикагролизинг» Юсуф Акрамзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар дод.
Ба иттилои номбурда, бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи марказҳои хизматрасонии техникӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз 33 ба 60 адад расонида шуд. Айни ҳол ба марказҳои хизматрасонии техникӣ 196 адад техникаҳои гуногунтамға ва 919 адад таҷҳизот ба маблағи 29 млн. сомонӣ вобаста карда шудаанд.
Махсусан марказҳои хизматрасонии техникии шаҳру ноҳияҳои Конибодом, Восеъ, Вахш, Данғара, Абдураҳмони Ҷомӣ, Лахш, Тоҷикобод ва Шаҳристон бо тамоми техникаю таҷҳизоти ватанию хориҷӣ мукаммалу муҷаҳҳаз гардонда шудаанд. Дар заминаи онҳо устохонаҳои таъмирӣ сохта шудаанд, ки техникаю таҷҳизот дар ин марказҳо пурра таъмир карда шуда, омодаи кор гардонда мешаванд.
Инчунин зикр гардид, ки КВДҶ «Тоҷикагролизинг» давоми соли 2018 аз корхонаҳои ватанӣ ва давлатҳои истеҳсолкунандаи техникаю мошинолоти кишоварзӣ, аз қабили ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Беларус, Федератсияи Россия, давлатҳои Туркия, Ҳиндустон, Германия ва Чин 217 адад техника ва 560 адад таҷҳизоти кишоварзиро ба маблағи 56,5 млн. сомонӣ харида, ба ҷумҳурӣ ворид намуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе






