Табибони Тоҷикистону Тотористон дар оянда тибби онлайнӣ ба роҳ мемонанд
ДУШАНБЕ 19.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Муовини якуми Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саида Умарзода 18 феврал бо гурӯҳи табибони Ҷумҳурии Тотористон мулоқот баргузор намуд.
Ёдовар мешавем, ки дирӯз бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкорӣ ва табодули таҷрибаи ҳамдигар дар соҳаи тандурустӣ ҳайати табибони Тотористон ба Тоҷикистон омаданд. Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, Саида Умарзода зимни ҳамоиш ҳавасмандии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро барои ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тотористон иброз намуд.
С. Умарзода ба табибони тотор вобаста ба вазъи муолиҷа ва ҷарроҳиҳои чашм, дил ва асаби кӯдакона дар ҷумҳурӣ маълумот дода, гуфт, ки «мо метавонем дар бахши илми тиб бо ҳамтоёни тоторамон ҳамкорӣ намоем. Ҳамзамон дар ин самт аз малакаи ҳамдигар омӯхта, ба муассисаҳои тиббии тарафайн мутахассисонро барои таҷрибаомӯзӣ равона созем».
Муовини сардухтури Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии кӯдаконаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тотористон Алла Гумерова мақсади сафари худ ва ҳамроҳонашро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла дар самти саломатии кӯдакон арзёбӣ намуд.
А. Гумерова зикр намуд, ки «беморхонаи мо дар самти муолиҷаи кӯдакон ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидааст. Мо метавонем бо табибони тоҷик дар гузаронидани ҷарроҳиҳои кӯдакона, аз ҷумла, ҷарроҳиҳои дил, чашм ва асаб, додани машваратҳо, гузаронидани курсҳои омӯзишӣ ҳамкорӣ намоем ва инчунин аз таҷрибаи табибони тоҷик баҳраманд гардем».
Ба гуфтаи Алла Гумерова, онҳо мехоҳанд дар оянда бо табибони тоҷик тибби онлайнӣ ба роҳ монда, зимни муолиҷаи кӯдакон онлайн машварат намоянд.
Бояд зикр намуд, ки гурӯҳи табибони Тотористон се рӯзи дигар дар ҷумҳурии мо бо ҳамтоёни худ машварат доир менамоянд.
Дар назар аст, ки байни онҳо ва муассисаҳои тандурустии ҷумҳурӣ созишномаҳои ҳамкорӣ баста шаванд.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе






