«Ҳунарманд ҳар куҷо бувад сарфароз» — таҳти чунин унвон дар Душанбе ҳамоиши ҷавонону занони ҳунарманд баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 06.02.2019 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҳизбии ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар асоси нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ҳамоиши ҷавонону занони ҳунарманд таҳти унвони «Ҳунарманд ҳар куҷо бувад сарфароз» баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад.
Дар кори ҳамоиш Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Зоир Раҳмонзода, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Насимҷон Расулзода, Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуъмон Абдуғафорзода, муовини якуми Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ризо Назарзода, директори Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳои Вазорати маориф ва илми ҶТ Тоҷиниссо Маҳмадова, ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур Амонулло Салимзода ва дигарон иштирок намуданд.
Қабл аз оғози ҳамоиш ҳунарҳои мардумӣ бо дастовардҳои ҷавонону занони ҳунарманди ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба маърази иштирокдорон гузошта шуданд.
Зимни ҳамоиш зикр гардид, ки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хуб оид ба омўзиши касбу ҳунаромўзӣ махсус таъкид намуданд. Ҳар фарди ҷомеа, аз ҷумла занону ҷавононро зарур аст, ки ҷавобан ба чунин ғамхориҳои бесобиқаи давлат ва Ҳукумати кишвар тамоми саъю талоши хешро ба интихоби касбу ҳунарҳои муосир, ободиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ, рушди илму техника ва бунёдкорӣ равона созанд.
Доир гардидани чунин ҳамоишу чорабинихои дастаҷамъӣ метавонад дар рушду инкишофи ҳунарҳои мардумӣ, фаро гирифтани аҳолӣ, бахусус занону ҷавонон ба касбомўзиву ҳунаромўзӣ, муаррифии бештари таърихи пурғановати миллат, эҳёи суннатҳои асил, тарғиби либоси миллӣ миёни занон ва тараққӣ додани санъати ҳунарманд мусоидати фаъол менамояд.
Дар музокира олимон ва коршиносони соҳавӣ ва дигар шахсони расмӣ мулоҳизаҳои худро иброз доштанд.
Бояд гуфт, ки ҳамоиши мазкур бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҷалби аҳолӣ, бахусус ҷавонону занон ба омўзиши касбу ҳунар ва таблиғу ташвиқи онҳо миёни аҳолӣ баргузор карда шуд.








Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд






